Гулкунда, Гулканда — харобаҳои шаҳр ва дижи бостонӣ дар Ҳиндустон, ки дар ёздаҳ километрии ғарби шаҳри Ҳайдаробод воқеъ аст.

Гулкунда
Нигора
Кишвар
Пойтахти Golconda Sultanate[d]
Воҳиди марзию маъмурӣ Ҳайдаробод
Тавлидкунандаи Алмос
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих вироиш

Қалъаи Гулкунда дар замони ҳукмронии сулолаи Какатия бунёд гардида, аз давраи ҳукмронии султон Муҳаммади Баҳманшоҳи I ба ҳайати давлати Баҳманшоҳиён дохил шуд. Аз давраи ҳукмронии Султонқулии Қутбшоҳ (1518—1553) ба пойтахти давлати Қутбшоҳиён (1518—1687) табдил ёфт (то соли 1591). Дар аҳди Абулҳасани Қутбшоҳ (1672—1689) аз ҷониби султон Аврангзеб ишғол шуда, яке аз музофоти давлати Темуриёни Ҳинд гардид. Солҳои (1713—1947) ба ҳайати давлати Осафҷоҳиёни Ҳайдаробод дохил мешуд. То давраи ҳукмронии Қутбшоҳиён биноҳои Гулкунда аз хишти хом сохта шуда буданд. Аз давраи ҳукмронии сулолаи Қутбшоҳиён дар сохтмони биноҳои Гулкунда бештар сангу гил истифода шуда, қалъа муддати 60 сол (1518—1580) истеҳкоми низомӣ буд. Гулкунда дар болои теппа дар баландии 120 м бино шуда, атрофи онро девори дарозиаш 7 км ва дорои 87 истеҳкоми низомӣ иҳота кардааст. Ҳар кадом истеҳкоми низомӣ як тӯп дошт. Шаҳри Гулкунда дар дохили девори истеҳкомӣ сохта шуда, аз биноҳои асосии Кохи султонҳои қутбшоҳӣ, хонаҳои вазирон, амирон, сарлашкарон, аслиҳахона, анборхона, биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои иқоматӣ иборат буд, ки қисми зиёди онҳо бо мурури замон хароб шудаанд. Қалъаи Гулкунда 8 дарвоза дошт, ки машҳуртаринаш Маккадарвоза дар самти қибла буд. Гулкунда якчанд бурҷ дошт, бузургтаринаш — Мусобурҷ баландиаш 17 м. Дар даромадгоҳи асосии қалъаи Гулкунда сақфи гунбадшакл мавҷуд аст, ки дар болои чор сутун қарор дорад. Гунбади Гулкунда тарзе сохта шудааст, ки агар дар зери гунбад ду дастро ба ҳамдигар бизанем, садо чандин бор такрор ёфта, дар балантарин нуқтаи қалъа — девони хос (масофаи 442 м) шунида мешавад. Дар мавриди таҳдиди хатар посбонон аз нуқтаи мазкур ба шоҳ хабар медоданд. Аз мавзеи бори хос нақби махфие дар умқи 8м (бараш 3.6 м, дарозиаш 8 км) то беруни қалъи Гулкунда ҳафр шуда буд, ки дар мавриди хатар шоҳ ва ҳамроҳонаш ба воситаи он фирор мекарданд. Об ба воситаи лулаҳои сафолӣ аз масофаи 17 км ба чор обанбори Гулкунда расонида мешуд. Дар Гулкунда аз давраи ҳукмронии Қутбшоҳиён доираи адабии форсизабон ташаккул ёфт. Ба қавли Аҳмади Розӣ дар дарбори Муҳаммадқулии Қутбшоҳ (1580—1611) нисбат ба дигар мулкҳои Дакан шоирону донишмандони зиёде ҷамъ омада буданд. Гулкунда ҳамчун маркази тиҷорат, хусусан маркази коркарди алмос, таваҷҷуҳи тоҷирони Форс, Хуросон, Чин ва кишварҳои арабро ҷалб карда буд. Алмоси машҳури Кӯҳи Нур дар давраи ҳуҷуми Темуриёни Ҳинд аз Гулкунда ба яғмо бурда шуд. Гулкунда аз 2 июни 2014 ба ҳайати иёлати Теланганаи Ҳиндустон дохил шуда, маркази саёҳат мебошад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • احمد امین رازی. هفت اقلیم. با تصحیح جواد فاضل. تهران، ۱۳۷٠ش.؛
  • مجتبی کرمی. نگاهی به تاریخ حیدر آباد دکن. تهران، ۱۳۷۳ش.ر