Гулмакҳо
Гулмакҳо (Nectarinidae) — як оилаи парандаҳо, ки ғизояшон бештар шаҳди гул аст.
Гулмакҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
|
Вобаста ба таснифоти биологӣ мансуби қатори гунҷишкшаклҳо мебошанд. Дарозии баданашон 9-25 см, вазнашон — 6-20 гулмакҳо Нӯли борики каҷ (баъзан дандонадор) доранд. Ранги наринаашон равшани филизтоб, ранги модинаашон хокистарии сабзча аст; ҳар ду ҷинс ҳамранг низ мешаванд. Дар дунё беш аз 116 намуди гулмакҳо маълум аст. Парандаи хеле чолок буда, асосан дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Австралия зиндагӣ мекунанд. Баъзе намудҳои онҳо дар навоҳии шимолу шарқии Австралия низ дучор меоянд. Дар бешазор, боғот ва буттазор, кӯҳсор (то баландиҳои 4200 м) маскан доранд. Дар нӯги шохаи дарахт, баъзан дар буттаҳо лона гузошта, 2-3 адад тухм мемонанд. Тухми гулмакҳо холдор ва ранги он гуногун аст. Баъди 17-19 рӯз аз тухм чӯҷаҳо мебароянд. Ғизои гулмакҳо асосан шираи гул мебошад. Онҳо ғизоро аз гул дар ҳолати парвоз (болзанон рӯ ба рӯи гул муаллақ истода) ё дар шохча нишаста мегиранд. Ҳашарот низ мехӯранд. Вобаста ба давраи гулшукуфт аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчанд. Аксари гулмакҳо мурғакони хушовоз мебошанд. Онҳо рустаниҳоро гардолуд намуда, ба табиат манфиат меоранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1998.
- ↑ IOC World Bird List Version 6.3 — 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.3
- ↑ World Bird List (ингл.): IOC World Bird List — 6.4 — IOU, 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.4
Адабиёт
вироиш- Гулмакҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Брем А. Жизнь животных. М., 1958;
- Алфимова Н. Наши друзья — птицы. М., 1993;
- Зауэр Ф. Птицы обитатели лугов, полей и лесов. М., 2002.