Гулмаҳмад Ахмедов
Гулмаҳмад Ахмедов (тав. 8.08.1940, ноҳияи Роғун), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (1971), дотсент (1978). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000)
Гулмаҳмад Ахмедов | |
Таърихи таваллуд | 8 август 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Роғун, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | химия |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ш. Тошкент |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1959–1964 дар Донишгоҳи давлатии ш. Тошкент таҳсил намудааст. Аз соли 1965 то ба имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият карда истодааст. Дар масъалаи тавассути усули амперометрӣ миқдоран муайян кардани баъзе моддаҳои оксидкунанда ва барқароркунанда, истифода бурдани моддаҳои (реагентҳои) органикӣ дар усули амперометрӣ корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) сарфароз карда шудааст.
Осор
вироиш- Последовательное амперометрическое титрование смесей, содержащих ионы никеля и других металлов // Узбекский химический журнал, 1969, №2; Амперометрическое титрование сульфата гидразина растворами окислителей // Изв. высш. уч. заведений хим. и химич. технол. т. XIII 1970. вып. 12; Применение N – бром сукцинимида в амперометрическом титровании // ЖАХ, 1980. Т 35. вып. №3;
- Применение N-бромсукцинимида для амперометрического титрования с двумя индикаторными электродами различных восстановителей // Узбекский химический журнал, 1981. №2;
- Применение амперометрического титрования с двумя индикаторными электродами Комплексном III к анализу смесей висмута с другими элементами // Узбекский химический журнал, 1981. №6.