Гулмижа
Гулмижа (hordeolum) — газаки шадид ва римноки ғадуди чарби пилки чашм.
Гулмижа | |
---|---|
Ихтисос | Чашмпизишкӣ |
МКБ-10 | H00. |
---|---|
МКБ-9 | 373.11 |
DiseasesDB | 12583 |
MedlinePlus | 001009 |
eMedicine | emerg/755 |
MeSH | D006726 |
Аломатҳо ва нишонаҳо
вироишГулмижа дар натиҷаи ба халтачаи мижжа ё ғадуди чарб роҳ ёфтани микробҳои фасодовар пайдо мешавад. Дар ибтидои беморӣ канори пилк каме варам мекунад, сурхию обварами пӯст ва луобпардаи пилк пайдо мешавад. Баъди 3 – 4 рӯз дар нӯги ҷои варамида римхона ба вуҷуд меояд; дар сурати кафондан, аз он чиркоб мебарояд. Дар мавриди баромадани гулмижа пилк ва сар дард мекунад, баъзан ҳарорати бадан баланд мешавад. Бисёр вақт гулмижа бо блефарит ҳамроҳ мегардад. Риоя накардан ба қоидаҳои беҳдошт, яъне бо даст ё рӯймолчаю сачоқи ифлос пок кардани чашм, боиси пайдоиши гулмижа мегардад. Баъзан баромадани гулмижа ба суст шудани қувваи муҳофизии организм (масалан, ҳангоми диабети қандӣ гулмижа зуд-зуд мебарояд) вобаста аст.
Табобат
вироишБаробари баромадани гулмижа ба духтур муроҷиат бояд кард. Маддаи гулмижаро фишурда баровардан хатарнок аст, чунки дар ин сурат сироят тавассути рагҳои хун паҳн шуда, боиси оризаҳои ногувор – сарсом ва уфунат мегардад.
Пешгирӣ
вироишБарои пешгирии гулмижа бояд қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддан риоя карда шаванд. Ҳангоми кор дар ҳавои чангу ғубордор айнаки муҳофиз пӯшидан лозим. Сари вақт табобат кардани бемориҳо ва обутоб додани организм ба пешгирии гулмижа мусоидат мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 660 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.