Гулобимуруд
Гулобимуруд — як навъ муруди маҳаллӣ.
Гулобимуруд | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: параметри latin пур нашудааст. |
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО Параметри latin пур нашудааст |
||||
|
Дарахташ аҳромшакл, шохаҳояш бехори хокистарранг, сиёҳча; шохаҳои наваш ҷигарии хокистарранг. Муғҷааш гирда ё тухмшакл, пулакчаҳояш патдор. Баргаш миёнаҳаҷм (дарозиаш 6-8 см, бараш 3-4 см), дарозрӯя, нӯгтези дандонадор, рангаш сабзи равшан, думчааш кӯтоҳ (3-4,5 см), борики рост. Мевааш миёнаҳаҷм (50-60 г; дарозиаш 50-55 мм, қутраш 44-48 мм), тухмшакл, пӯсташ тунук, рангаш зарди коҳмонанд; мағзаш сафед, сершира, ширини нордон, хушбӯй, 3-8 дона тухми ҷигарӣ дорад (дарозиаш то 1 см). Гулобимуруд охири август мерасад. Дар таркибаш 18,10 % моддаҳои хушк мавҷуд аст. Онро тару тоза мехӯранд, мехушконанд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ нест (фақат 10-15 рӯз нигоҳ доштан мумкин). Дарахташ ба нам ва хоки ҳосилхез талаботи зиёд надорад. Дар канори ҷар ва заминҳои лалмӣ нағз нашъунамо карда, ҳосили хуб медиҳад. Ниҳоли пайвандиаш соли 4-5-уми шинондан бор меорад ва ҳар сол ҳосил медиҳад. Аз ҳар дарахти 30-40-солааш андаряк 120—150 кг мева мегиранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулобимуруд / М. Қосимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Қосимов М. Навъҳои маҳаллии муруду нокҳо. Д., 1971.