Гулоби Танбӯрӣ (1892, Панҷакент — 1947, ҳамон ҷо) — танбӯрӣ, донанда ва иҷрокунандаи мусиқии классикӣ ва мардумии тоҷик, намояндаи ҳавзаи мусиқии Панҷакенту Самарқанд.

Гулоби Танбӯрӣ
Таърихи таваллуд 1892(1892)
Зодгоҳ Панҷакент
Таърихи даргузашт 1947(1947)
Пеша(ҳо) мутриб

Зиндагинома

вироиш

Ҳунари мутрибиро ибтидо дар зодгоҳаш аз ромишгарони мардумӣ омӯхта, барои такмили маҳорат ба ш.-ҳои Самарқанду Миёнколот ва Бухоро рафт. Дар мактаби мусиқии Самарқанд бо роҳнамоии Ҳоҷиабдулазиз, Қорӣ Сироҷ ва дигарон донишу маҳорати хешро сайқал дод. Шохаҳои ҷудогонаи «Шашмақом»-ро хуб медонист ва «тарҷеъ», «гардун», «тасниф»-ро моҳирона менавохт. Бо Искандари Савтӣ ҳамкории эҷодӣ дошт.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.
  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 52 ISBN 978-99947-49-13-3
  • Таджикская музыка. Душанбе, 2003.