Искандари Танбӯрӣ

(Тағйири масир аз Искандари Савтӣ)

Искандари Савтӣ (1911, Панҷакент1989, Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — сароянда-оҳангсоз, танбӯрӣ. Намояндаи боҳунари ҳавзаи иҷроии Самарқанду Панҷакент.

Искандари Савтӣ
Искандар Бобоев
Таърихи таваллуд 1911(1911)
Зодгоҳ шаҳри Панҷакент
Таърихи даргузашт 1989(1989)
Пеша(ҳо) сароянда

Зиндагинома

вироиш

Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ворид шуда, бештар дар муҳити эҷодию иҷроии мактаби иҷроии Самарқанд ба камол расида, аз мубаллиғону идомадиҳандагони сабки иҷроии ин ҳавзаи ҳунарӣ буд. Искандари Савтӣ ибтидо барои омӯзиши мусиқӣ ба шогирдии Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852—1936) ворид шуда, асосҳои иҷроии мусиқии устодонаро фарогирифт. Дар Самарқанд бо Қорӣ Сироҷ, Қорӣ Камол, Шариф Акрам, Исмоил Акрам, Ҳоҷӣ Тамтам ва диг. аз наздик шинос шуд ва дар барномаҳои ҳунарӣ фаъол ширкат дошт. Искандари Савтӣ дар иҷрои «савт» нерӯи хуби иҷроӣ ба харҷ медод, вусъату танаввуоти овозиаш қавию босафо, равшан садо дода, ифодаҳои тазӣинаш бар пояи сабки устодаш (Ҳоҷӣ Абдулазиз) рӯи пардаҳо меомаданд. Искандари Савтӣ аз фаъолону ташкилкунандагони дастаҳои ҳунарӣ, театри халқии шаҳри Панҷакент буда, тавассу-ти корҳои хуби ҳунариаш зумраи нави иҷрокунандагони мусиқии устодона ва мардумӣ: Баён Облоқул, Сироҷ Сафар, Умрӣ Баҳрӣ, Хосият Хоҷаева, Олим Бобоев, Собир Қаландаров, Ҳалим Бобоев, Обид Бобоев ва диг. рӯи саҳнаи иҷроӣ омаданд. Сабки иҷроии Искандари Савтиро фарзандони боҳунараш Олим Бобоев ва Обид Бобоев идома додаанд[1].

Адабиёт

вироиш
  • Таджикское искусство. — М., 2002;
  • Таджикская му-зыка. — Душанбе, 2003;
  • Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ. — Хуҷанд, 2006.

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3