Гулобод (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)
Гулобод (то 14.12.12 Калинин) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 9 км; то маркази вилоят 44 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3202 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Абдураҳмони Ҷомӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Қадриддин Ғиёсов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3202 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3243 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, осиёби барқӣ, корхонаи истеҳсоли фаршҳои сементии «Шамсия», 4 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 40 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишҚаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сайфура Зоирова дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5