Гулобод (деҳа, н. Восеъ)
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 5 кмм; роҳ мошингард. Аҳолиаш 3643 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Восеъ |
Ҷамоат | Деҳоти Абдӣ Авазов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3643 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3311 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Иқтисод
вироишГулобод мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 7 нуқтаи савдои хусусӣ, 3 осиёби барқӣ, 3 корхонаи хурди пахтатозакунӣ, корхонаи васлкунии дару тирезаҳои пластикӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз чашмаи Қизилсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 36 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Ёдмонҳо
вироишАз ёдгориҳои таърихӣ дар мавзеи баландии ҳудуди Гулобод харобаҳои Манзартеппа (асри 7) боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2