Гулобод (деҳа, н. Данғара)

Гулобод (собиқ Навобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 1ноҳия 18 км, то вилоят 84 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1122 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Данғара
Ҷамоат Деҳоти Лолазор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1122 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3312
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Гулобод мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Нурбахш таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Данғара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 8 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Мардум

вироиш

Деҳа соли 1989 таъсис ёфта, аҳолиаш аз ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Фархор, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва Шӯрообод кӯчидаанд.

Сарчашма

вироиш