Гулобод (деҳа, н. Дӯстӣ)
Гулобод (собиқ 8-уми Март) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия аз 1 км камтар; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1966 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Дӯстӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷиликӯл |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1966 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3248 |
Нишонаи почта | 735140 |
Таърих
вироишСоли 1930 ташкил шуда, аксари мардумаш аз ноҳияи Данғара кӯчида ин деҳаро обод кардаанд.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, осиёб, нуқтаҳои савдои хусусӣ, дорухона, устохонаи кафшергарӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Яккаюз обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 28 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишГенерал Саидмурод Қодиров дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2