Гулобод (деҳа, н. Рӯдакӣ)

Гулобод (собиқ Қизиласкар, то соли 2008) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2174 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рӯдакӣ
Ҷамоат Деҳоти Зайнабобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қизиласкар
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2174 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3137

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва занбӯрпарварӣ. Заминҳо аз наҳри Кӯктош обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 6 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Қурбон Солиев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Сарчашма

вироиш