Гулпиёз
Гулпиёз (лот. Allium schubertii) — як навъ пиёзи худрӯй.
Гулпиёз | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Allium.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Allium schubertii Zucc., 1843 | ||||||||||||||
|
Пояаш дароз (5-40 см), бехаш лундаи ғафс (1-4 см). Баргаш (2-5-то) нештаршакл (бараш 0,8-3 см). Хӯшагулаш чатрнамо (қутраш то 25 см); гулпояаш дароз (аз 1 то 20 см), гулаш майдаи сафедтоб ё гулобӣ. Ғӯзааш майда (бараш тақр. 4 мм). Апрел — май гул мекунад. Маъмулан, дар нишебиҳои санглоху регзори кӯҳҳо, буттазору ҷангали гармсер, алафзори дашт (қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, кӯҳи Муғул ва воҳаи дарёи Сир; дар баландии 400—1400 м аз с. б.) нумӯ меёбад.
Корбурдҳо
вироишДар гулпарварӣ тавсия шудааст. Солҳои пеш аз пиёзаки гулпиёз ширеш тайёр карда барои часпондани пӯст, коғаз, шиша ва ғ. истифода мебурданд. Гулпиёз таъми нохуш дорад. Табибони халқӣ гулпиёзро гиёҳи шифобахш мешуморанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулпиёз / М. Ҳоҷиматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Комаров Б. М. Определитель растений Северного Таджикистана. Д., 1967;
- Ханнеке Вайн Дейк, Минеке Курпершок. Луковичные растения. М., 2003.