Гулрафтор Шаҳобова
Гулрафтор Шаҳобова (15 ноябри 1939, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — августи 2018[1], Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.
Таърихи таваллуд | 15 ноябр 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2018 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхонӣ |
Зиндагинома
вироишГулрафтор Шаҳобова 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.
Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони давронаш маҳсуб меёфт. Гӯиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва доғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.
Эҷодиёт
вироишМонанди гули худруста решаашро бароварда, суруду таронаҳои зиёде аз қабили «Қади раъно», «Духтари деҳқон», «Тоҷикистон», «Рубоиёти халқӣ», «Сол», «Ба меҳнат», «Дӯстӣ», «Моҳи ман», «Хабар меояд», «Рӯҳи ҷонон», «Ватанам» ба хидмат овард, нолаҳои дутор ҷаҳонгашта намудандаш, ба тамоми ҷамоҳири шӯравӣ, Афғонистону Туркияю Сейлону Австрия ва дигар давлатҳо ҳамроҳи ҳунармандони тоҷик сафарҳо намуд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ба қавли Муҳаббат Шаҳобова, духтари овозхон
- ↑ 80 соли Гулрафтор Шаҳобова. kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (19 ноябри 2019). 22 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2020.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.