Соли 2018

(Тағйири масир аз 2018)

Соли 2018 (ду ҳазору ҳашдаҳум) дар гоҳшумории мелодӣнасоли кабиса, оғоз дар рӯзи душанбе. Ин 2018 соли даврони ҳозир, 18 соли ҳазораи 3, 18 соли садаи XXI, 8 соли даҳаи 2 садаи XXI, 9 соли даҳаи 2010-ум.

Рӯйдодҳо

вироиш
  • соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон.[1]
  • 16 ноябри — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд.
  • соли 2018 — Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои Рушди Устувор» барои солҳои 2018—2028 шурӯъ гардид.
  • 25 октябр — Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.[3].
  • 24 октябр — Дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷой гирифтаанд. Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.[4].
  • 22 октябр — Дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.[5].
  • 22 октябр — Дар бахши озмуни байналмилалӣ ҷоизаи аслии кинофестивали 8-уми «Дидор» ба филми «Хаёлӣ»-и коргардон Парвиз Раҷабзода аз «Хатлонсинамо», ҷоизаи беҳтарин филми аниматсионӣ ба филми «Сандуқчаи зулбиё»-и Алексей Румянтсев ва дар бахши «Озмуни филмҳои тоҷикӣ» ба филми «Таксӣ»-и Файзулло Файзов супорида шуд.[6].
  • 12 октябр — Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 12/10/2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд.[7].
  • 10 октябр — Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе баргашт[8].
  • 9 апрел — Баъди танаффуси шашсола охири ҳафтаи гузашта интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барқарор шуда, айни замон ба ҷумҳурӣ дар як соат 1 ҳазор метри мураббаъ газ интиқол дода мешавад. (/news.tj/tj/ 9.04.2018).
  • 6 апрел — Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.(// khovar.tj/ 06.04.2018 Бойгонӣ шудааст 16 июни 2020  сол.).
  • 20 январ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохӯр ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба имзо расониданд. Дар асоси қарори мазкур номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар, шаҳри Сарбанд ба шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук, деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод, деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара ва деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.(khovar.tj/ 22.01.2018 Бойгонӣ шудааст 15 май 2021  сол.).
  • 10 январсоли 2017 дар Ҷаласаи 11 — уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» — и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. (jumhuriyat.tj/ 10.01.2018).

Зодрӯзҳо

вироиш

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2018

Даргузаштҳо

вироиш

Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2018

Нигаред низ

вироиш
  1. нусхаи бойгонӣ. 4 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 октябри 2018.
  2. Баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. parstoday.com (16 ноябри 2018). 16 ноябри 2018 санҷида шуд.
  3. Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» дар Қасри Арбоб. khovar.tj (25 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2018.
  4. Рахмон и Нурмагомедов вошли в список самых влиятельных мусульман мира. khovar.tj (24 октябри 2018). 3 ноябри 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  5. Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 ноябри 2018.
  6. Ғолибони Кинофестивали байналмилалии «Дидор» муайян шуданд. khovar.tj (22 октябри 2018). 26 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 ноябри 2018.
  7. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ даҳ қарор ва ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. khovar.tj (12 октябри 2018). 12 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 октябри 2018.
  8. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. khovar.tj (10 октябри 2018). 10 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2018.
  9. Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. prezident.tj (28 сентябри 2018). 28 сентябри 2018 санҷида шуд.
  10. Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС». prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  11. Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (27 сентябри 2018). 27 сентябри 2018 санҷида шуд.
  12. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ”. prezident.tj (20 сентябри 2018). 20 сентябри 2018 санҷида шуд.
  13. Ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. prezident.tj (14 сентябри 2018). 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  14. Ифтитоҳи аввалин эстакада дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе. prezident.tj (5 сентябри 2018). 5 сентябри 2018 санҷида шуд.
  15. Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе. prezident.tj (28 августи 2018). 28 августи 2018 санҷида шуд.
  16. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. prezident.tj (17 августи 2018). 17 августи 2018 санҷида шуд.