Гулрез (деҳа, н. Дӯстӣ)

Гулрез (собиқ Коминтерн) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1033 нафар (2014), тоҷикон.

Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Дӯстӣ
Ҷамоат Деҳоти Ҷиликӯл
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Коминтерн
Аҳолӣ
Аҳолӣ 598 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3248
Нишонаи почта 735140

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи фарҳанг, беморхона, маркази идораи маъмурии хоҷагии деҳқонӣ, пойгоҳи нақлиётӣ, фермаи чорводорӣ, 8 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, коргоҳи қолинбофӣ, 3 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Яккаюз обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Эргаш Султонов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Сарчашма

вироиш