Гулрез (деҳа, н. Ҳамадонӣ)
Гулрез (собиқ Олимтой, то соли 2012 )— деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 21 км, то маркази вилоят 167 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 263 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ҳамадонӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Меҳнатобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Олимтой |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 263 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3315 |
Нишонаи почта | 735370 |
|
Иқтисод
вироишБунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 3 нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Гулободи ҳамин ҷамоат ва деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ таҳсилро идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа марқади Махсуми Санги Кулӯла мавҷуд аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулрез // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2