Гултеппа — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 30 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1150 нафар (2014), тоҷикон. Аз 135 хоҷагӣ иборат аст.

Деҳаи Гултеппа
Деҳаи Гултеппа. Манзараи умумӣ
Деҳаи Гултеппа. Манзараи умумӣ
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Мискинобод
Таъсис соли 1925
Аҳолӣ 1150 нафар (2014), тоҷикон
Хоҷагӣ 135

Таърих

вироиш

Гултеппа соли 1925 ташкил шудааст. Бунёдгузорони асосӣ — Абдуллоев Сафар, Расулов Толиб, Холов Расул, Сафаров Азиз аз дараи Луғури ноҳияи Нуробод омада ин деҳаро обод намудаанд.

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, чойхона ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Харкуш ба воситаи наҳри Сардара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 17 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Олими соҳаи кишоварзӣ Нозил Саидов, Муаллими хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар ҳамин деҳа зода шудаанд.[1]

Нигористон

вироиш
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.

Адабиёт

вироиш