Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

(Тағйири масир аз Ноҳияҳои тобеи марказ)

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ҳамч. Ноҳияҳои тобеи марказ, форсӣ: ناحیه‌های تابع جمهوری‎) — як воҳиди идорӣ аз тақсимоти кишварии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки сездаҳ ноҳияро дар бар мегирад ва шомили ҳеч кадом аз вилоятҳои Тоҷикистон нест ва мустақиман аз Душанбе идора мешавад.

Воҳиди маъмурии дараҷаи аввал
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
39° с. ш. 70° в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шомили 13 ноҳия
Маркази маъмурӣ Душанбе
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 10 апрел 1951
Масоҳат 28 600 км² (2-ум ҷой)
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Шаҳрҳои бузургтарин Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2 270 000 нафар (2022)(3-ум ҷой)
Зичӣ 68,9 нафар/км²
Миллият тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо
Мазҳаб мусулмонони суннимазҳаби ҳанафӣ
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа RR
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR
Нишонаи почта 735413
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ07, TJ08
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳолӣ — 2 270 000 нафар (2022).

Ҷойгоҳ

вироиш

Паҳноварии ин воҳиди идорӣ дар соли 2016 — 28 600 км² аст, ки 20,1 дарсад аз ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар водии Ҳисор ва водии Рашт ҷойгир шуда аз самти ҷануб бо виолияти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шимол бо вилояти Суғд, ҷануб бо вилояти Хатлон ва аз шарқ бо ВМКБ ҳамсарҳад мебошанд. Дар ин қаламрави ҷумҳурӣ, дар водии Ҳисор, пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе низ воқеъ аст.

Таърих

вироиш

Дар қисме аз НТҶ дар солҳои 1939-1951 вилояти Сталинобод ва дар солҳои 1939-1955 вилояти Ғарм вуҷуд доштанд. Соли 1951 вилояти Сталинобод барҳам ёфта ҳамаи ноҳияҳояш ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаштанд, дар соли 1955 вилояти Ғарм барҳам дода шуд ва ноҳияҳояш ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаштанд. Дар соли 1977 қисме аз ноҳияҳо ба вилояти нави Қӯрғонтеппа дода шуданд.

Мардум

вироиш

Бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1972,3 ҳазор кас буда, ки 23,1% дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 259,0 ҳазор нафар (13,1 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 1713,3 ҳазор нафар (86,9 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 69,0 кас бар км² аст.[2] Мардуми [НТҶ] ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ сухан мегӯянд.

Тоҷикон – 85%, ӯзбекон — 12%, ғайра — 3%.

Ҳайати миллӣ тибқи барӯйхатгириҳои шӯравӣ (1979; 1989) ва Тоҷикистон (2010)

Халқ 1979[2]наф. % 1989[3]наф. % 2010[4]наф. %
Ҳамагӣ 789 105 100,00 % 1 112 084 100,00 % 1 722 908 100,00 %
тоҷикон 517 223 65,55 % 766 944 68,96 % 1 465 237 85,04 %
узбекҳо 172 957 21,92 % 236 215 21,24 % 201 356 11,69 %
қирғизҳо 20 531 2,60 % 30 788 2,77 % 35 627 2,07 %
русҳо 49 449 6,27 % 46 715 4,20 % 2846 0,17 %
тоторҳо 11 254 1,43 % 11 148 1,00 % 898 0,05 %
туркманҳо 399 0,05 % 1476 0,13 % 318 0,02 %
қазоқҳо 497 0,06 % 707 0,06 % 74 0,00 %
украинҳо 4200 0,53 % 4877 0,44 %
белорусҳо 779 0,10 % 747 0,07 %
дигарон 11 816 1,50 % 12467 1,12 % 16 552 0,96 %

Бахшбандӣ

вироиш

Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 шаҳр, 13 шаҳрак, 13 ноҳия ва 101 ҷамоат дорад[3]:

Ноҳияҳо ва шаҳрҳои НТМ
Номи воҳиди идорӣ Аҳолӣ
(01.01.2016)
ҳазор кас
Паҳно
ҳазор км²
Зичии
аҳолӣ
кас/км²
шаҳри Ваҳдат* 96,4 3,7 85,7
шаҳри Турсунзода* 52,8 1,2 228,2
шаҳри Роғун* 15,0 0,5 82,4
шаҳри Ҳисор* 67,7 1,0 280,6
Ноҳияи Варзоб 74,8 1,7 44,0
Ноҳияи Ваҳдат* 263,0
Ноҳияи Лахш 61,3 4,6 13,3
Ноҳияи Нуробод 74,2 0,9 82,4
Ноҳияи Рашт 116,6 4,6 25,3
Ноҳияи Роғун* 26,2 0,5 82,4
Ноҳияи Рӯдакӣ 463,1 1,8 257,3
Ноҳияи Сангвор 21,6 6,0 3,6
Ноҳияи Тоҷикобод 42,0 0,7 60,0
Ноҳияи Турсунзода* 221,1
Ноҳияи Файзобод 94,5 0,9 105,0
Ноҳияи Шаҳринав 111,5 1,0 111,5
Ноҳияи Ҳисор* 240,3
Ҳамагӣ 1972,3 69,0
* ҳамроҳ бо шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ

Аҳолӣ

вироиш
Сол Шумора
1992 1 196 000
1996 1 252 300
1999 1 316 000
2000 1 341 200
2001 1 377 600
2002 1 407 200
Сол Шумора
2003 1 438 000
2004 1 466 100
2005 1 497 900
2006 1 530 400
2007 1 564 100
2010 1 685 200
Сол Шумора
2012 1 786 100
2013 1 832 200
2014 1 874 000
2015 1 922 000
2016 1 972 300
2017 2 021 200
Сол Шумора
2018 2 069 200
2019 2 120 000
2022 2 270 000 [1]

Иқтисодиёт

вироиш

Омӯзишу парвариш

вироиш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш

Нигаред

вироиш