Гултеппа (деҳа, н. Восеъ)
Гултеппа — деҳа дар ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ. Аз Гултеппа то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1156 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Восеъ |
Ҷамоат | Деҳоти Худоёр Раҷабов |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1156 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3311 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Иқтисод
вироишГултеппа нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Пахтакор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гултеппа 13 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Мардум
вироишДеҳа соли 1929 ташкил шуда, аксарияти мардумаш аз минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг ба ин ҷо кӯчидаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гултеппа // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2