Гулханӣ (деҳа, н. Рашт)

Гулханӣ (собиқ Булқос) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт. Аз Гулханӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 11 км; роҳи мошингард. Аҳолиаш 508 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулханӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Рашт
Ҷамоат Деҳоти Аскалон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 508 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3131

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, чойхона-фароғатгоҳ, масҷиди панҷвақта, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳои Ширин ва Бурсиҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулханӣ хоҷагиҳои хурди деҳқонии «Назрулло», «Маҳмадӣ» ва хоҷагии коллективии «Булқос» мавҷуд аст.

Мардум

вироиш

Мардумаш солҳои 1949—1950 барои обод кардани заминҳои бекорхобидаи водии Вахш ба ноҳияҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида (ба ҷуз 9 хоҷагӣ), деҳа камодам монда буд. Як қисми аҳолии Гулханӣ солҳои 1982—1984 баргашта, дар ҳайати совхози «Яхакпаст» кор кардаанд. Шоир Муҳаммадшарифи Гулханӣ (асри 17), докиори илмҳои тиб Маҳдӣ Орзуев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Адабиёт

вироиш