Гулхорак
Гулхорак (лот. Rosa maracandica), хорчак, хори гулобӣ — буттаест хордор.
Гулхорак | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Webbianae.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Rosa maracandica Bunge | ||||||||||
Мутародифот | ||||||||||
|
||||||||||
|
То 1,5 м қад мекашад. Шоху навдааш печ андар печ, хордор (дарозиаш то 1,5 см); баргаш тоқапаршакл, аз 5-7 баргак иборат аст. Гулаш гулобиранг (қутраш 3-4 см), май — август мешукуфад. Мевааш байзашакл ё нокмонанд, норанҷии рӯшан, камоб (дарозиаш то 2 см, вазнаш 0,13-0,82 г).
Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Помиру Олой (дар баландии 800—2200 м аз с. б.) мерӯяд. Бештар дар нимсаваннаҳо, арчазор, сесанбарзор, зағозазорҳо, ҷойҳои санглох вомехӯрад. Меваи гулхорак 9,97 % витамини С, 0,01 % каротин дорад. Гулхорак рустании шифобахш аст. Бо нақеъ ва ҷӯшоби меваи он хуншории милки дандонҳо, бемории узвҳои ҳозима, бо ҷӯшоби гулу баргаш бемориҳои илтиҳобӣ ва зангиларо дармон мебахшанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулхорак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.