Гулчеҳра Юсуфҷоновна Баротова (тав. 26.01.1967, ш. Хуҷанди вилояти Суғд) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (2020). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010)

Гулчеҳра Баротова
Гулчеҳра Юсуфҷоновна Баротова
Таърихи таваллуд 26 январ 1967(1967-01-26) (57 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор мактаби миёнаи № 5-и ш. Хуҷанд, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Зиндагинома

вироиш

Гулчеҳра Юсуфҷоновна Баротова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1990), солҳои 1990 – 1991 котиби коллегияи кассатсионии суди вилояти Суғд, с. 1991 - 1994 мураббияи боғчаи бачагонаи № 14-и Институти илмӣ-татқиқотии «Гириконд»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия,с. 1994-1995 муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи № 5-и ш. Хуҷанд, с. 1995-2004 муаллима, мудири кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, методисти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, 2004-2012 мудири шуъбаи умумӣ, мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012 сардори шуъбаи кадрҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», с. 2012-2013 Сардори шуъбаи умумӣ ва кадрҳои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза», с. 2013-2018 методисти шуъбаи ѓоибонаи факултети забон ва адабиёти рус, ёвари муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси Раиси Шурои кураторони ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. Аз соли 2021 мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аст. Барои хизматҳои арзанда дар рушди соҳаи маориф ва саҳми фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ Баротова Г. Ю. бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва «Ифтихорнома» (2008)- и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2019) сарфароз гардонида шудааст

  • Общественное отношение к людям с особими образовательными возможностями. Д., 2020.
  • Профессиональная деятельность – это социально-культурное явление. Д., 2020.
  • Инклюзия – путь к равноправию: обучение педагогов принципам инклюзивного образования (ҳаммуаллиф). Д., 2020.
  • Государственная политика Республики Таджикистан в системе инклюзивного образования. Д., 2020.
  • Педагог – это не просто, а высокая миссия сотворения личности, утверждения человека в человеке. Д., 2021.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ