Гулчеҳра Камолова (тав. 15.07.1934, ш. Конибодом), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1974), дотсент.

Гулчеҳра Камолова
Таърихи таваллуд 15 июл 1934(1934-07-15) (90 сол)
Зодгоҳ Конибодом , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Соли 1956 факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1956–1959 аспиранти Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1960–1961 ходими хурди илмии Институти тадқиқотӣ-илмии педагогии ш. Душанбе, 1961– 1966 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби ба номи Ушинский ш. Регар, 1966–1967 муаллими забон ва адабиёти мактаби №22 ш. Душанбе, 1967–1974 лаборант, ходими хурди илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, 1974–1989 ходими калони илмии шуъбаи лаҳҷашиносии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон, 1989–2005 муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 20 корҳои илмӣ, илмию методӣ, аз ҷумла китоби «Морфологические особенности «Маджму-ут-таворих»» (1984) мебошад. Тадқиқотҳои ӯ ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои забоншиносии тоҷикро фаро гирифтаанд. Бо ифтихорномаи Академияи илмҳои Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш