Гулчин (деҳа, н. Қубодиён)

Гулчин — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён. Аз Гулчин то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 43 км; роҳ‒асфалтпӯш. Аҳолиаш 528 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулчин
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Қубодиён
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 528 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3251
Нишонаи почта 735140

Таърих

вироиш

Соли 1960 ташкил шудааст. Мардумаш асосан аз ноҳияи собиқ Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба ин деҳа кӯчидаанд.

Иқтисод

вироиш

Бунгоҳи тиббӣ, осиёби барқии хусусӣ, нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳаёти ҷамоати деҳоти Тахти Сангин давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ. Заминҳояш аз дарёи. Кофарниҳон тавассути наҳри Ҳаёт обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулчин 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш