Шайх Гулшан Алӣ фарзанди Шайх Аттории Ансории Ҷунпурӣ (1705, Ҷунпур — тақр. 1786, ҳамон ҷо) — шоир ва хушнависи форсизабони Ҳиндустон.

Гулшании Ҷунпурӣ

Зиндагинома

вироиш

Таълими ибтидоиро аз падараш гирифт, сипас дар назди донишмандон сарфу наҳв омӯхт. Дар навиштани хатҳои сулс, настаълиқ ва шикаста моҳир гардид. Соли 1730 ба Шоҳиҷаҳонобод (Деҳлӣ) омада, ба хидмати ҳукмрони давр ба ҳайси муншӣ ворид шуд. Аз шоирони ҳамзамонаш — Мир Муҳаммадафзал Собити Аллоҳободӣ (фавт 1738), Фақири Деҳлавӣ, Ҳазини Лоҳиҷӣ ҳунари суханвариро омӯхт. Бо Волаи Доғистонӣ дӯсту ҳамнишин буд. Дар охири умр гӯшанишиниро ихтиёр кард. Аз навиштаҳои Гулшании Ҷунпурӣ, ки тазкиранигорону муҳаққиқон шумораашонро 5 ҳазор байт гуфтаанд, маснавии ҳасбиҳолие бо номи «Сурати ҳол» (нусхаи дастнависаш маҳфуз дар Музейи Биритониё, № Add 16805), девони ашъор (маҳфуз дар китобхонаи Осафияи Ҳайдарободи Дакан, № 631; китобаташ соли 1822) боқӣ мондаанд.

Адабиёт

вироиш