«Гулшани Муштоқ» (форсӣ: گلشن مشتاق‎) — тазкираи шоир ва тазкиранигори форсизабони Ҳиндустон Муҳаммад Ҳофизалии Муштоқ дар шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 893 шоири замонҳои гузашта ва ҳамзамонони ӯ.

Таълифи тазкира соли 1835 ба анҷом расидааст. Дар овардани номҳо тартиби алифборо риоя кардааст. Хусусиятҳои «Гулшани Муштоқ»: шарҳи ҳоли шоирон мухтасар аст, аз эҷодиёташон танҳо ғазалҳои ишқӣ интихоб гардидаанд, номи баъзе шоирон дар тазкираҳои дигар нестанд, шарҳи ҳоли занони шоир — Зебуннисои Махфӣ, Бибӣ Заифии Самарқандӣ, Гулрухбегим, Гулбаданбегим, Лолахотуни Кирмонӣ, Ниҳонӣ ва дигарон дар тазкира омадааст, дар бораи шоироне низ маълумот додааст, ки дар Ҳиндустон набудаанд. Маъхазҳои «Гулшани Муштоқ»: «Ништари ишқ», «Махзану-л-ғароиб», «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Мунтахабу-т-таворих», «Фарҳанги Рашидӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ва ғайра. Нусхаи дастнависи «Гулшани Муштоқ» дар китобхонаи шахсии Қозӣ Фазли Азим (аз авлоди Муштоқ) маҳфуз аст.

Адабиёт

вироиш