Мунтахабу-т-таворих

«Мунтахабу-т-таворих» (ар. منتخب التواریخ‎) — асари таърихии Муҳаммад Ҳакимхон.

«Мунтахабу-т-тавоих» соли 1843/45 дар шаҳри Китоб аз ҷониби Муҳаммад Ҳакимхон ибни Маъсумхон таълиф шудааст. Асар аз панҷ боб, дувоздаҳ тоифа иборат буда, ҳудуди хронологии он аз «офариниши олам» то оғози солҳои 40-уми садаи XIX-ро дарбар мегирад[1]. Боби аввали асар роҷеъ ба таърихи пайғамбарони тоисломӣ, боби 2 дар мавриди шоҳони қаблазисломии Эрон, боби 3 дар бораи шоҳони Чину Фаронса маълумот медиҳад. Боби 4 «Мунтахабу-т-тавоих» дар бораи таърихи Уммавиён ва Аббосиён, бо­би 5 доир ба таърихи давлатҳои Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғития таълиф шудааст. Асар инчунин роҷеъ ба сафарҳои му­аллиф, воқеъаҳои таърихӣ ва ғайра маълумоти пурарзиш медиҳад. Нусха­ҳои алоҳидаи асар дар китобхонадои Санкт-Петербург, Тошканд ва китобхонаи Институти таърихи АМИТ маҳфуз аст.

  1. Абдукаримов Ҷамолиддин Аҳмадалиевич. Маълумоти “Мунтахаб-ут-таворих” доир ба воқеаҳои сиёсии нимаи аввали асри XIX ва баъзе ашхоси маъруфи хонигарии Хуқанд. www.hum.vestnik.tj. Ахбори ДДҲБСТ №3 (72), 2017, с. 25—33 (27 ноябри 2017). 17 августи 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Мунтахаб-ут-таворих / А. Валиев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Ромодин В. А., Некоторые источники по истории Ферганы и кокандского ханства (XVI—XIX вв:) в ру­кописных собраниях Ленинграда, «Тру­ды двадцать пятого международного конгресса востоковедов», том 3, Москва, 1963