Гулшани роз
«Гулшани роз» (форсӣ: گلشن راز) — асари манзуми Маҳмуди Шабистарӣ роҷеъ ба мушкилоти гуногуни тасаввуфи назарӣ.
Нависанда | Маҳмуди Шабистарӣ |
---|---|
Забони навиштаҷот ё осор/асар | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Он ҳаҷман хурд (иборат аз 1000 байт) буда, ҷавобест ба 17 суоли Рукнуддин Амир Ҳусайни Ҳиравӣ аз номи суфиёни Хуросон ба суфиёни Озарбойҷон. Шабистарӣ роҷеъ ба мақоми тафаккур дар таълимоти ирфонӣ менигорад, ки «рафтан аз ботин ба сӯи Ҳақ» ва дидани «кулли мутлақ» дар вуҷуди «ҷузъ» асоси донишу биниши тасаввуфро ташкил дода, тафовути илми кашфию завқиро аз илми истидлолию ақлӣ нишон медиҳад. Зимни ҷавоб ба суоли «Ман чист ва дар худ сафар кардан чӣ маънӣ дорад?» қайд мекунад, ки солик аснои мусофират дар «Ман» аз ҳудуди «Ман»-и таҷрибавӣ берун рафта, аз касрат ба сӯи ваҳдат мешитобад ва ба «Ман»-и баробар ба мақоми инсони комил мерасад. Дар ҳамин зина ӯ орифи ҳақиқӣ ба ҳисоб меравад. Ориф касест, ки бояд қалбаш вуҷудашро бишиносад ва чунин шиносоӣ вақте ба вуқӯъ мепайвандад, ки аз худ ба куллӣ бегона шуда, дар вуҷудаш маърифаткунанда ва маърифатшаванда як гардад.
Шабистарӣ дар «Гулшани роз» ҳамчунин зинаҳои камолоти маънавиро ба ҳамин тариқи суолу ҷавоб баён намуда, зимнан таълимоти суфиёни гузаштаро оид ба масъалаҳои ақлу нафс, ваҳдату касрат, маротиби вуҷуд, сайру сулук ва ғ. такмил дод. Дар се асри баъди таълифи «Гулшани роз» ба он беш аз 30 шарҳи мухтасару муфассал навишта шуд; дар онҳо таъсири таълимоти Ибни Арабӣ ва шогирдонаш ба муаллиф таъкид гардидааст. Камолуддини Ардабилӣ, Музаффаруддини Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҳисомуддини Бадеӣ аз ҷумлаи шореҳони «Гулшани роз» мебошанд. Беҳтарин шарҳ "Мафотеҳу-л-эъҷоз фӣ шарҳи «Гулшани роз»-и Муҳаммад ибни Яҳёи Лоҳиҷӣ ба шумор меравад. «Гулшани рози ҷадид» дар пайравӣ ба «Гулшани роз» таълиф шуда, аз ҷиҳати мавзӯъ ва ғоя низ ба он шабоҳат дорад.
Мунтахаботе аз «Гулшани роз»-ро Тулук ба олмонӣ тарҷума (1821) ва дар «Гулчине аз ирфони шарқӣ» чоп кард (1825). Матни форсии «Гулшани роз»-ро якҷо бо тарҷумаи манзуми он ба олмонӣ Ёзеф Фон Ҳомер (1837), матни интиқодии «Гулшани роз»-ро Ҷаводи Нурбахш (1976) мунташир сохт. «Гулшани роз» ба хатти кириллӣ низ ба нашр расидааст (2011).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулшани роз / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.