Маҳмуди Шабистарӣ
Саъдуддин Маҳмуд ибни Аминуддин Абдулкарими Шабистарӣ, маъруф ба Маҳмуди Шабистарӣ (1287[1], Шабистар, Устони Озарбойҷони шарқӣ — 1320[1], Табрез) — ориф, зоҳид, шоир ва нависандаи форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1287[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1320[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ[2] ва забонҳои эронӣ[3] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМаҳмуди Шабистарӣ дар Шабистар, наздикии Табрез ба дунё омадааст. Дар Табрез касби илму маориф карда, чун донишманд ном баровардааст. Ӯ ба бисёр шаҳрҳои Эрон, Хуросон, Миср, Шом, Ҳизоҷ ва ғайра сафар карда, муддате дар Кирмон буда, сипас ба зодгоҳаш баргаштааст. Ҳангоми сафарҳо бо бисёр донишмандону адибон ва орифон вохӯрдааст.
Мероси адабӣ
вироишАз осори машҳури Маҳмуди Шабистарӣ «Миръотулмуҳаққиқин» маҳсуб мегардад, ки аз 7 боб иборат буд ва мавзӯи ин рисола дар дигар асари Маҳмуди Шабистарӣ «Ҳақуляқин», ки аз 8 боб иборат аст, тавсия ёфтааст.
Асари машҳуртарини Маҳмуди Шабистарӣ маснавии «Гулшани роз» аст. Ин маснавӣ, ки тақрибан ду ҳазор байтро фаро мегирад, дар хусуси масоили назариявии ирфон баҳс мекунад ва ба тарзи саволу ҷавоб навишта шудааст. Саволҳо дар бораи тафаккур ва сирри ваҳдат, худшиноси рози аналҳақ, мумкин ва воҷиб, қадим ва мӯҳдас, ҷуз ва кул ва амсоли ин аст. Муаллиф дар зимни ҷавоб ба ин саволҳо мисолҳо ва шоҳидҳо ҳам овардааст. Асари дигари манзуми Маҳмуди Шабистарӣ "Саодатнома " аст, ки дар 3 ҳазор байт густариш ёфта, натиҷаи сафарҳои муаллиф ва мулоқотҳои ӯ мебошад.
Усули хулқи нек омад адолат,
Пас аз вай ҳикмату исмат, шуҷоат.
Ҳакими ростгуфтор асту кирдор.
Касе гар муттаасиф гардад бад-ин чор,
Ба ҳикмат бошадаш ҷону дил огаҳ,
На гурбуз бошад ӯ, на низ аблаҳ.
Дар ин шеър Шабистарӣ дар бораи адолатпарварӣ, хулқи нек ва аз хислатҳои неки инсон будани онҳо сухан гуфтааст. Ба фикри ӯ ҳар шахсе, ки чунин хислатҳо дошта бошад, ҳеч гоҳ пушаймон намешавад. Дар баробари он ростгуфторию росткирдориро низ дар пояи баланд гузоштааст ва ҳар касе, ки ин чор хислати мазкурро доро бошад, аз ӯ аблаҳӣ намебарояд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 https://data.bnf.fr/fr/12247442/mah_mud_ebn-e__abd_al-karim_sa_d_al-din_s_abestari/
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
вироиш- Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор, ҷ.7. — Хуҷанд, 2013. — с.578-580
- Забебуллоҳ Сафо.- Таърихи адабиёт дар Эрон. — ҷ.3,2. Теҳрон, 1389. — С.1290-1293
- Гулшани Адаб. — Душанбе, 1988