«Гулёр» (форсӣ: گل‌یار‎) — суруд ва оҳанги бостонии мавсимию маросимии тоҷикӣ (Эрони бостон).

Дар асарҳои адабию мусиқӣ ба сифати гӯша ва шуъбаи мусиқӣ дар таркиби мақоми «Бусалик» (асрҳои 12-15, «Дувоздаҳмақом») омадааст. Дар таркиби «Шашмақом» ба сифати гӯша ё шуъбаи мусиқӣ амал надорад, аммо дар мақоми «Сегоҳ» чун ҷузъи тараннумӣ бо номи «Шаҳнози Гулёр» амал мекунад. «Гулёр» аз қисмҳои «Шаҳнози Гулёр», «Чапандози Гулёр», «Ушшоқи Гулёр» ва «Уфари Гулёр» таркиб ёфтааст. Ин шохаҳо ба усули авзонии «Сарахбор» иртибот дошта, аслан бо усули доиравии «Уфар» иҷро мешавад. Бахшҳои тараннумии «Гулёр» шеърҳоеанд, ки дар баҳри рамали мусаммани маҳзуф эҷод шудаанд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. Тошкент, 1963;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Донишномаи Шашмақом. Д., 2010.