Гулҷеғ
Гулҷеғ, гулҷиғ (лот. Gymnospermium darwasicum) — як навъ рустании худрӯй.
Гулҷеғ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Gymnospermium.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Gymnospermium darvasicum | ||||||||||
|
Пояаш 25-30 см қад мекашад. Бехаш лӯнда (қутраш то 4 см). Баргҳои бехи решааш думчадарози тоқ, байзашакл, канорҳояш ҳамвор; баргҳои пояаш тоқ, баъзан ҷуфт, дар зери хӯшагул ҷой гирифтаанд. Хӯшагулаш сергул, 5-6- барга. Гулҷеғ моҳҳои апрел — май гул карда, тухм мебандад. Самараш ғӯза (1-4 тухм дорад), тухмаш сиёҳтоб. Гулҷеғ дар нишебиҳои санглохи кӯҳ, бешазори гармсер, миёни буттаҳо (дар баландии 1500—2000 м аз с. б.) вомехӯрад.
Гиёҳи хосси қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз (дар мавзеи Шикай, наздикии дарёи Панҷ, инчунин болотар аз деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз месабзад) мебошад. Тӯда-тӯда ё ҷудо-ҷудо мерӯяд. Дар таркиби гулҷеғ тақр. 1 % алкалоидҳо (дарвазин, дарвазамин, дарвазолин, таспин ва ғ.), пайвастҳои сапонинӣ мавҷуданд.
Гулҷеғ гиёҳи шифобахш аст. Барг, поя ва бехи онро табибони халқӣ чун воситаи муқаввии дилу тан тавсия медиҳанд. Он барои танзими ғалаёни хун ва рафъи захмҳои ҳозима низ муфид мебошад. Гулҷеғ дар аввали баҳор рӯида, мисли сиёҳгӯшу наврӯзӣ гули машҳур аст. Гулҷеғро ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулҷеғ / М. Ҳоҷиматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.