Гулӯгоҳи Ҷабалутториқ
Гулӯгоҳи Ҷабалутториқ (исп. Estrecho de Gibraltar, англ. the Strait of Gibraltar, ар. مضيق جبل طارق, лот. Fretum Gaditanum) — гулӯгоҳи байнулмилалӣ байни интиҳои ҷанубии нимҷазираи Пиреней (Аврупо) ва қисми шимолу ғарбии Африқо.
исп. Estrecho de Gibraltar англ. the Strait of Gibraltar | |
Номида ба шарафи | Гибралтар |
---|---|
Кишвар | |
Connects with | Баҳри Миёназамин ва Уқёнуси Атлантик |
Дарозӣ |
|
Бар | 14,3 км |
Жарфои амудӣ | 1 000 м |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баҳри Миёназамин ва уқёнуси Атлантикро ба ҳам мепайвандад. Дарозиаш 65 км, бараш 14-44 км, умқаш дар роҳи киштигард 338 м (ҷои амиқтаринаш 1181 м). Ҷараёни қисми болоии об ба шарқ, поиниаш ба ғарб ҳаракат мекунад. Дар соҳилҳои Гибралтар массивҳои сахравии ҷардор ҷойгиранд. Гибралтар аҳаммияти бузурги стратегию иқтисодӣ дорад. Дар минтақаи Гибралтар бандарҳои Сеута, Ла-Линеа, Алхесираси Испания, Танжери Марокаш, қалъаи Британия, пойгоҳи ҳарбии баҳрии Гибралтар (Британия Кабир) ҷойгиранд. Гибралтар таҳти назорати англисҳо мебошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гибралтар // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.