Гул (деҳа, н. Деваштич)

(Тағйири масир аз Гул (деҳа))

Гул — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич. Аз Гул то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 5 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 867 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гул
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Деваштич
Ҷамоат Деҳоти Ғазантарак
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 867 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3464

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, чойхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ ва қисман аз обанбори Даҳанасой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гул 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагии деҳқонии «Гули Ғончӣ» мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш