Гул (оҳанг)
«Гул» (форсӣ: گل) — номи оҳангу суруди куҳани тоҷикӣ (Эрони бостон)
Оҳанги ойиниву мавсимӣ аз силсилаи мусиқии баҳория, ки Борбади Марвазӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз тасниф кардааст; аз маҷмӯи 360 таронаву оҳанги Борбад. Ба таъкиди манобеи хаттӣ, «Гул» ба шохаи дуввуми дастони ҳаштгонаи Борбад — «Хусравонӣ» дохил будааст ва ҳамчун оҳанги машҳур дар осори бадеии асрҳои 11-14 (қасидаҳои баҳорияи Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, достонҳои Низомӣ, Амир Хусрав ва дигарон) тавсиф шудааст. Мусиқишиносони асри 13 «Гул»-ро чун таркиби мақом хотирнишон кардаанд. Аз ҷумла, Мирсайидалии Ҷурҷонӣ дар «Мақолиду-л-улум» онро гӯшаи тавсифии созӣ дар шуъбаи «Дилангез» (мақоми «Ушшоқ») ба қалам додааст. Дар осори адабиву мусиқии асрҳои 16-17 «Гул»-ро ба унвони гӯша, таркибҳои хурди созиву овозии мақомҳои дувоздаҳгона ном мебаранд. Хоҷа Калони Хуросонӣ дар «Рисолаи мусиқӣ»-аш онро пора ё гӯшаи хурди мусиқии мақоми «Ушшоқ» мешуморад.
Адабиёт
вироиш- Гул / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
- فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع. نول کشور٬ ١۸۸۹؛
- رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی ١۸۹٧؛
- محمد علئ امام ششتر. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران١۳۴۶ ه. ش.؛
- نصرت الله حدادی٬ فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١۳٧۶ه. ش.؛
- مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1. تهران، ١۳۸١ ه. ش.ر