Элок
Элок (форсӣ: ایلاک), Элокдара[1] — деҳаест дар ҷамоати деҳоти Қалъаидашти ноҳияи Файзобод. Аҳолиаш 2949 нафар (2010), тоҷикон.
Деҳа | |
![]() | |
38°39′41″ с. ш. 69°31′14″ в. д.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалаидашт |
Тақсимоти дохилӣ | 5 маҳалла |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4 211 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3135 |
|
|
![]() |
Иқтисод
вироишДеҳа як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти миёна, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, 44 хоҷагии деҳқонӣ, 7 мағоза, 2 дорухона, сартарошхона, коргоҳи дӯзандагӣ, бустонсаро, хоҷагии колективии «Элок», осиёи обӣ, 2 осиёи барқӣ, сехи коркарди чубу тахта, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, гӯшаи деҳқон, автосервис, устохонаи оҳангарӣ, 2 толори варзишӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти шири ҶДММ «Суҳробҷон», масҷиди ҷомеъи марказӣ, масҷиди панҷвақта дорад.
Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, кадупарварӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Маҳаллаҳо
вироишМаҳаллаҳои деҳаи Элок | |||||||||||
Маҳалла | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Элоки Калон | |||||||||||
Элоки Боло | |||||||||||
Элоки Поён | |||||||||||
Гулихайри Боло | |||||||||||
Гулихайри Поён |
Таърих
вироишШаҳри Элок (Илок) дар масофаи як рӯза роҳ дар шарқи Вашгирд воқеъ буд ва Истахрӣ онро охирин шаҳри Вашгирд дар марзи Рошт гуфтааст. Ҳоло яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод ва ҳам рӯде, ки аз ҳудуди ин ноҳия гузашта ба дарёи Кофарниҳон мерезад, Элок ном доранд. В. В. Бартолд вайронаҳои истеҳкоми Қалъаи Даштро макони шаҳри асримиёнагии Элок мешуморад. Дар харитаи садаи XIX-и ин мавзеъ дар шимолу шарқи Файзобод, миёни ин ноҳия ва Оби Гарм маҳалле бо номи Элокдара сабт шудааст, ки эҳтимол маҳалли аслии Элоки асримиёнагӣ дар он воқеъ бошад[1].
Афроди шинохта
вироишПирони тариқати нақшбандия Шайх Абдурраҳими Давлат, Эшони Шайх; собиқ муовини Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Домулло Маъруф Раҳимзода, сархатиби Масҷиди марказии «Яккачинор»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эшони Ҳамдулло (Раҳимов), сархатиби Масҷиди марказии ноҳияи Файзобод Эшони Қори Носир; адабиётшинос Боймурод Шарифзода, доктори илмҳои филология Муҳриддин Низомӣ, номзади илмҳои фалсафа Файзалӣ Аминов, номзади илмҳои иқтисод Исмоил Бобиев, номзади илмҳои физика ва математика Сарвар Зарифзода, доктори илмҳои физика ва математика Афзалшоҳ Зарифзода; олимони ПРМ Салоҳуддин Амонӣ, номзади илмҳои педагогика Сайфиддин Камолзода, Қурбоналӣ Зиёев; номзади илмҳои иқтисод Забҳулло Нуруллоев; шоир Усмон Шарифзода, рӯзноманигор Хӯҷаназари Аминиён ва рӯзноманигору донишноманавис Неъматуллоҳ Акбар аз шахсиятҳои маъруфи деҳа ба шумор меоянд.
Иштирокдорони ҶБВ
вироишАз деҳаи Элок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нафарони зиёде ширкат доштаанд, аз ҷумлаи онҳо Абдуллохон Фатҳуддинов, Одинахуҷа Зиёев[2], Бобӣ Раҳимов, Достӣ Садруддинов, Абдулҳай Муҳиддинов, Аҳмадхон Фатҳуддинов, Сабур Зукуллоев, Сафар Аминов, Ҳикматулло Абдуллоев ва дигарон мебошанд.
Ҷозибаҳои гардишгарӣ
вироишМақбараи Шайх Абдураҳими Давлат, мақбари Шайх Асадуллоҳ ва Масҷиди ҷомеъи марказии ноҳияи Файзобод дар ҳамин деҳа ҷойгир аст.[3]
Нигористон
вироиш-
Замини "Сияҳхор"
-
Баҳори Элок
-
“Шаҳу арус”
-
“Бинии камар”
-
“Чордара”
-
Деҳаи Элок аз баландӣ
Ҷусторҳои вобаста
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: Узбекистон, 1996.
- ↑ Убайдулло РАҲИМОВ. ҚИССАИ ҚАҲРАМОНИ 103-СОЛА. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 7 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4