Гунгӣ
Гунгӣ, алалия (аз юн.-қад. ἀ- — «ҳиссачаи инкорӣ», ва λαλιά — «нутқ») — вуҷуд надоштан ё суст рушд кардани нутқ дар кӯдакон, вале маҳфуз мондани қобилияти шунавоӣ.
Сабаби гунгӣ осеб ё ихтилоли марказҳои нутқи майна бинобар зарб хӯрдан ва бемориҳои давраи ҳамл мебошад. Гунгӣ ҳамчунин дар натиҷаи амрозе, ки тифл дар давраи то яксолагӣ, яъне то замони ташаккули нутқ аз сар гузарондааст, ба вуҷуд меояд (бо ҳамин хусусият гунгӣ аз афазия фарқ мекунад). Гунгӣ таҳрикӣ (моторӣ) ва ҳиссӣ (сенсорӣ) мешавад. Ҳангоми гунгии таҳрикӣ кӯдак ҳарф намезанад (фақат садоҳои нимғурма мебарорад), вале дар ӯ дарки нутқ маҳфуз мемонад. Дар мавриди гунгии ҳиссӣ кӯдак нутқи ба ӯ нигаронидаро намефаҳмад. Кӯдакони гирифтори гунгиро дар мактабҳои махсус таълим медиҳанд ва табобат мекунанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Алалия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Гунгӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Нейман Л. В. Анатомия, физиология и патология органов слуха и речи. М., 2003.