Гунобегим
Гунобегим (форсӣ: گنابیگم) Олия Султонбегим, маъруф ба Гунои Даканӣ (гуно дар забони урду найшакар аст; фавт 1775) — шоири форсизабони Ҳиндустон, духтари Волаи Доғистонӣ.
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Деҳлӣ. Устодаш дар шоирӣ шоирони давраш Мир Қамаруддин, Мирсӯз мутахаллис ба Миннат ва Мирзо Рафеи Савдо буданд. Тазкиранависон Гунобегимро чун шоири дорои табъи латифу зариф ва гӯяндаи шеър дар анвои гуногун ёд кардаанд. Ба забони урду низ шеър мегуфт. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳои «Аз Робия то Парвин», «Тазкирату-л-хавотин», «Риёзу-л-орифин», «Занони суханвар» ва ғ. сабт гардидаанд. Байти зерин аз ӯст:
То кашидӣ аз назокат сурмае дунболаро,
Шуд асои обнусе чашми бемори туро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гунобегим // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.