Гунё (сурати фалакӣ)

Гунё (лот. Norma) — бурҷи Нимкураи ҷанубии Осмон, пойинтар аз бурҷҳои Ақраб ва Гург ҷойгир аст.

Гунё
Нигора
Номи расмӣ лот. Norma[1]
Номи кӯтоҳ Nor
Номида ба шарафи steel square[d]
Ҳаммарз бо Scorpius[d], Гург (бурҷ), Circinus[d], Triangulum Australe[d] ва Ara[d]
Кошиф Nicolas Louis de Lacaille[d]
Таърихи кашф 1751
Масоҳат
  • 165 square degree
Тасвири нақшаи мавқеият
Astronomic symbol image
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бурҷро соли 1754 Лакайл пешниҳод намуд ва минбаъд он номи гунёро гирифт. Гунё аз ҳисоби ситораҳои бурҷҳои Гург, Миҷмара ва Ақраб тартиб дода шуда, ҳан­гоми хаёлан пайвас­тани ситораҳои тобонаш шакли асбоби зовиясанҷи меъмориро мемонад. Гунё аз ду бозуи галактикаи Роҳи Каҳкашон мегузарад. Тобиши ситорагонаш то 4m қадри ситоравӣ мерасад. Масоҳаташ 165 дараҷаи квадратӣ, 42 ситорааш бо чашм дида мешавад. Гунёро баъзан Квад­ра­ти Уқлидус низ меноманд. Мавқеи ҷойгир­авиаш дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 15h 03m то 16h 25m ва майл (δ) аз −60° то −42°. Вақти муносиби му­шо­ҳи­да моҳҳои май-июн аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш