Гург (бурҷ)
Гург, Сабъ, Фаҳд (лот. Lupus) — яке аз бурҷҳои Нимкураи ҷанубии Осмони ситоразор, ки дар байни бурҷҳои Ақраб ва Кентавр ҷойгир аст.
Номи расмӣ | лот. Lupus[1] |
---|---|
Номи кӯтоҳ | Lup |
Номида ба шарафи | C. lupus ва Uridimmu[d] |
Ҳаммарз бо | Гунё (сурати фалакӣ), Scorpius[d], Circinus[d], Centaurus[d], Libra (constellation)[d] ва Hydra[d] |
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷилои ситораи муниртаринаш ба 2,3 қадри ситораӣ баробар буда, ҳашт ситораи дурахшониашон ба қадри ситоравии 4m дорад. Г-ситораҳои дурахшонаш дар масофаҳои 500—550 соли рӯшноӣ ҷойгиранд. Масоҳаташ 334 дараҷаи квадратӣ, 70 ситорааш қадри ситоравии то 6,0m дорад. Дар ин бурҷ соли 1006 таркиши ситораи фавқуннавъи SN 1006 мушоҳида шудааст, ки аз сайёраи Зӯҳра 2-3 баробар тобонтар будааст. Шумериҳо онро «деви марг» ва юнониҳо «ҳайвон» меномиданд. Ривоят мекунанд, ки шоҳи аккадиён Ликаон барои санҷиши Худо будани Зевс яке аз наздиконашро кушта, бо гӯшти он Зевсро зиёфат медиҳад. Зевс баъд аз фаҳмидани ин ҳолат макони шоҳро сӯхта, писаронашро мекушад ва барои ибрати дигарон Ликаонро ба гург табдил дода, дар Осмон ҷой медиҳад. Мавқеи ҷойгиршавии бурҷ дар осмони ситоразор: фарози мустақим (ɑ) аз 14h 10m то 16h 00m ва тамоюл (δ) аз −55° то −29° 30’. Моҳҳои май — июн хубтар мушоҳида мешавад. Ф. Раҳмонов.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гург // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.