Гунҷишки хонагӣ (лотинӣ: Passer domesticus) — гунае аз сардаи гунҷишкҳо.

Гунҷишк
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Дарозии тани гунҷишки хонагӣ 150—170 мм, вазнаш 30-35 г аст. Наринааш бӯрранг, зери гулӯяш сиёҳтоб; модина ва чӯҷаҳояш бӯри якранганд. Асосан дар маҳалҳои аҳолинишин зиндагӣ мекунад. Дар зери бомгӯша, ковокии дарахт, харобаҳо аз хасу хошок лона сохта, соле ду бор (5-6-тоӣ) тухм мегузорад. Баъди 13-14 рӯз аз тухмҳо чӯҷа мебарояд. Чӯҷаҳоро то паррончак шуданашон ҳар ду ҷинс хӯрок медиҳанд[4].

  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1996.
  2. IOC World Bird List Version 6.3 — 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.3
  3. World Bird List (ингл.): IOC World Bird List — 6.4 — IOU, 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.4
  4. Гунҷишк / Р. Муродов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.