Гурбашаклҳо
Tiger-zoologie.de0001 22.JPG
Бабр
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Felidae Fischer-Waldheim, 1817

Зероила
  • Гурбаҳои хурд (Felinae)
  • Гурбаҳои калон (Pantherinae)
  • Гепардҳо (Acinonychinae)
  • Гурбаҳои сабордандондор (Machairodontinae)
  • Проаилурус (Proailurinae)[1]
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   180580
NCBI   9681
EOL   7674
FW   41045

Гурбаша́клҳо (лотинӣ: Felidae) — оилаи ҳайвонҳои ширхӯр аз қатори дарандаҳо.

Мундариҷа

Тавсифоти зоологӣВироиш

Дарозии гурбашаклҳои хурдтарин 34 см ва вазнашон то 1 кг (гурбаи зарди холдор) аст; дарозии гурбашаклҳоҳои калонтарин то 3,8 м ва вазнашон зиёда аз 300 кг (бабр) мешавад. Дарозии думашон 10–114 см. Пои пеши гурбашаклҳо 5, пои ақибашон 4 ангушт дорад. Чанголи гурбашаклҳо, ба ғайр аз юз ва гурбаи суматравӣ, ҳангоми роҳ рафтан ба дарун кашида мешавад. Дандонҳои гурбашаклҳо нисбат ба дандонҳои да­ран­даҳои дигар кам (28–30 адад) аст, бинобар ин фуки онҳо хурд ва сарашон лунда мебошад. Забони гурбашаклҳоро пис­тонакҳои хормонанд фаро гирифтаанд, ки барои аз устухон канда гирифтани гӯшт ва лесида тоза кардани бадан ёрӣ мерасонанд. Мӯи гурбашаклҳо кӯтоҳ аст; намудҳои ши­молӣ ва баландкӯҳии гурбашаклҳо нисбат ба намудҳои тропикии онҳо сер­мӯйтаранд. Ранги гурбашаклҳои зард ё тираи рах-рах ва холдор мешавад. Узви биноӣ ва шунавоии онҳо хуб, узви шоммаашон суст тараққӣ кардаТаснифотаст.

ТаснифотВироиш

Зиёда аз 37 намуди гурбашаклҳо, ки ба 3 ҷинс мансубанд, дар ҳама ҷо, ғайр аз ҷануби Мадагас­кар, Австралия, Гренландия, Антарктида ва Гвинеяи Нав паҳн гаштаанд. Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд. Гурбашаклҳо бештар шом­го­ҳон ва шаб фаъол мебошанд. Танҳо ё оила-оила зиндагӣ мекунанд. Гурбашаклҳои хурдҷусса (масалан, гурба) соле то 5–8, гурбашаклҳои калонҷусса дар ду сол 2–4 бача мезоянд, ки онҳоро асосан гурбашаклҳои модина нигоҳубин мекунанд. Гурбашаклҳо то 30 сол умр дида, хояндагони зараррасонро нобуд мекунанд; метавонанд ба соҳаи чор­во­дорӣ зарар расонанд. Бабр, манул ва юз ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд.

ЭзоҳВироиш

  1. McKenna, M. C.; Bell, S. K. (2000). Classification of Mammals. Columbia University Press. p. 631. ISBN 978-0-231-11013-6. 

АдабиётВироиш

  • Соколова Е. В. Жизнь животных. М., 1989;
  • Йозеф Райхолф, Казанцевой С. Млекопитающие. М., 2001;
  • Константинов В. М., Шаталова С. П. Зоология позвоночных. М., 2004.

СарчашмаВироиш

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.