Гургон
Гургон (порсӣ: گرگان , то соли 1938 Астаробод, форсӣ: استرآباد) — шаҳр дар Эрон, маркази маъмурии шаҳристони Гургон ва устони Гулистон. Гургон дар қисми шарқии шимоли Эрон, 30 км дуртар аз баҳри Хазар ва 400 км шарқтари Теҳрон воқеъ аст. Аҳолиаш 329 536 нафар (2014), асосан форсҳо, мозаниҳо, сиистониҳо, озариҳо, балучҳо, инчунин муҳоҷирони туркман ва қазоқ зиндагонӣ мекунанд. Масоҳаташ 1700 км². Дар баландии 155 м аз с. б. воқест.
Маҳалли аҳолинишин | |
---|---|
Гургон форсӣ: گرگان | |
| |
Координатаҳо | 36°49′48″ а. шим. 54°28′48″ т. ш.HGЯO |
Коди телефон | 0171 |
ИқлимВироиш
Иқлимаш субтропикӣ, ҳарорати миёнаи январ 18,2°С. Миқдори боришоти солона — 600 мм. Дар қисми шарқии Гургон Боғи миллии Гулистон мавҷуд аст.
ИқтсиодВироиш
Фурудгоҳ дорад. Аз ҳудуди Гургон роҳи оҳани Қазоқистон — Туркманистон — Эрон мегузарад. Тавассути роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард бо шаҳрҳои Бандари Шоҳ ва Теҳрон мепайвандад. Заводҳои пахта, шолитозакунӣ ва равғанбарорӣ дорад. Косибию ҳунармандӣ низ рушд кардааст. Донишгоҳҳои исломӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-ҳунарӣ дорад.
Нигаред низВироиш
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Гургон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Шаҳрҳои устони Гулистон |
---|
Озодшаҳр | Оққало | Бандари Газ | Бандари Туркаман | Рамиён | Алиобод | Курдкӯй | Кулола | Гургон | Гунбади Ковӯс | Менӯдашт |