Гурдаи гов
Гурдаи гов — номи умумии чанд навъи ангури маҳаллӣ, масалан., Гурдаи гови турконӣ, Гурдаи гови хуфакӣ ва Гурдаи гови ҳисорӣ.
Гурдаи гови турконӣ дар деҳаи Турконии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ва деҳаҳои гирду атрофи он, Гурдаи гови хуфак асосан дар деҳаи Хуфаки ноҳияи Рашт ва деҳаҳои гирду атрофи он ва Гурдаи гови ҳисорӣ асосан дар деҳаҳои Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Бедаки ноҳияи Ҳисор, инчунин деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода ва баъзе навоҳии вилояти Сурхондарё (бо номи «Гурдаи гов» ё «Дили гов») ва ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё (бо номи «Сагал қаро»)-и Узбакистон парвариш меёбад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурдаи гов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.