Гурдони Ҷовидон
Гурдони Ҷовидон — (аз гурд — паҳлавон), горди ҷовидон, сипоҳи ҷовидон — номи сипоҳиёни ашрофӣ дар шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, ки иҷрои ду нақшро ба уҳда доштанд: горди доимии нигаҳдорандаи шоҳаншоҳӣ буданд ва ба ҳангоми ҷангҳои бузург қисмати марказии лашкарро ташкил медоданд. Теъдоди сарбозони Гурдони Ҷовидон пайваста 10 000 нафар буданд, ки бо талаф шудани нафаре ҷои он фавран пур карда мешуд ва бад-ин восита ҷовидон, яъне «намиранда» будани гвардия таъмин мегардид. Гурдони Ҷовидон ном гирифтанашон ҳам аз ҳамин ҷост. Онҳо намунаи аввалини гвардияи бузурги давлатӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд, ки дар натиҷаи тақлид ба онҳо дар давлатҳои Юнони Қадим, Руми Қадим, Византия ва минбаъд давлатҳои бузурги олам гвардияҳои императорию давлатӣ ба вуҷуд омаданд.
Кишвар | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Заминаҳои таърихии ташкил шудани Гурдони Ҷовидон ба қарори зайл буд: Пас аз он, ки дар асрҳои VIII—VI пеш аз милод қавмҳои мухталифи ориёӣ муттаҳид шуда, давлати муқтадири худро дар Эронзамин бо номи «давлати Ҳахоманишиён» таъсис доданд, дар пайи ислоҳ ва такмили сохти лашкари худ афтоданд. Ин кор ба уҳдаи аввалин шоҳаншоҳи бузурги ориёиҳо Куруши Кабир (солҳои ҳукмрониаш 558—530 пеш аз милод) афтод. Куруши Кабир — муассиси воқеии ин давлат ба тамоми ҷаҳони тобеаи худ эъломияе ирсол дошт, ки дар имрӯз бо номи «Эъломияи Куруши Кабир» маъруф аст. Ва ин аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон шинохта мешавад, ки асоси адлу дод ва баробарҳуқуқии кишварҳову мардумони гуногунро дар ҳудуди як шоҳаншоҳии бузург, ки қариб нисфи ҷаҳони дунёи қадимро фаро мегирифт, гузошт. Ӯ ба хотири ҳифозати давлати паҳновар ва нигоҳ доштану амалӣ намудани қавли худ лашкари азими саворае ташкил кард, ки дар муқобили ҳуҷуми он ҳеч як лашкари дунёи қадим истодагарӣ карда наметавонист, ҳатто аробаҳои маъруфи ҷангӣ (гардунаҳо) ба дараҷаи дуввум поин фуромаданд. Бад-ин хотир аст, ки Курушро аввалин лашкаркаши бузурги олам мешиносанд.
Чун ин давлат мардумон ва кишварҳои гуногунро бо динҳову эътиқодоти мухталиф ва бар замми ин бо соҳибихтиёрии нисбиашон, ки барои дунёи қадим аввалин шакли озоди идорӣ маҳсуб мешуд, дар бар мегирифт, эҳтимоли сарнагун кардани ҳукуматдорони марказӣ ва махсусан хонадони шоҳӣ ҳамеша дар миён буд. Дар чунин вазъияти нисбатан озод ва бе лашкари ҳимоятии махсус мондани шоҳони аввали Ҳахоманишӣ буд, ки чанде аз онҳо дар ҷангҳо ва ё суиқасдҳои дигари гурӯҳӣ кушта шуданд, чунончи кушта шудани Куруши Кабир ба дасти Томирис ё суиқасд ба ҷони писари Куруш ва сарнагун кардани хонадони шоҳӣ ва ғ. мисоли равшани ин аст.
Ба ҳамин хотир буд, ки Дорои Бузург пас аз ғолиб омаданаш (соли 522 пеш аз милод) бар табаддулотгарони давлат бори дигар ҳукумати қавиро дар хонадони Ҳахоманишӣ барқарор сохта, дар пайи ислоҳоти бузурги давлатӣ афтод. Баъд аз ба сари тахт омадани Дорои Бузург лашкари ҳахоманишӣ боз ҳам бонимзомтар ва пурқудраттар гашт, ки то ин дам таърихи инсоният чунин лашкари азими бонизомро ёд надошт. Дорои Бузург (солҳои ҳукмрониаш 521—486 то милод) ба ғайр аз лашкари бузурги доимоамалкунандаи худ боз дар тамоми доираи қаламраваш гарнизонҳои махсуси ҳарбиро таъйин намуд, ҳар кадоми он то якчанд сатрап (вилоят)-и ӯро, ки ҳар сатрап дар собиқ як давлат ё мамлакати алоҳида буд, ҳифозат мекард. Дар тамоми роҳҳои империяи бузурги Ҳахоманишӣ лашкар назорати роҳҳо мекард, то роҳҳо аз дузду роҳзанҳо эмину бехатар буда бошанд. Чунин ҷойгир намудани лашкар имкон медод, ки дар ҳолати ҳуҷуми душман дар минтақаҳои мухталиф ба зудӣ қувваҳои ҳарбӣ бад-он ҷо ҷамъ мешуданд.
Сохтори низомии лашкари ҳахоманишӣ чунон тартиб ёфт, ки он ба даҳяк, садяк ва ҳазора тақсим мешуд ва ин аввалин низоми қавӣ дар лашкарсозӣ буд, ки баъдан аз он қариб тамоми лашкарҳои дунё тақлид карданд. Асос (ядро)-и ин лашкари бузурги тартибдодаи Доро иборат аз дастаи яккачини муҳофизони шахсии шоҳ буд, ки бо номи «гурдони ҷовидон» маъруфанд. Ин қисмати лашкар ба хотири он буд, ки минбаъд шахсияти шоҳ, хонадони ӯ, хазинаи давлат, дирафши давлатӣ ва амсоли ин таҳти ҳифозати қавӣ ва махсус буда бошанд, то бад-ин восита пойдории давлат, сулҳу суботи он пойбарҷо боқӣ монад.
Ин лашкари хоссае, ки шоҳ таъсис дод, иборат аз даҳ ҳазор сарбози доимӣ буд. Ҳеродот, ки худ дар он замон мезист, дар бораи ин гурдҳо менависад, ки онҳоро «намиранда» (яъне, ҷовидон) мегуфтанд. Ва онҳоро барои он чунин меномиданд, ки агар рафту аз ин дастаҳо касе ҳангоми ҷанг кушта мешуд ва ё бо дигар сабабе мемурд, ҷои онро бо сарбози дигаре пур мекарданд, яъне теъдоди ин лашкарро ҳамеша дар шумори 10 000 нафар пурра гардонида нигоҳ дошта мешуданд. Илова бар ин, онҳоро ҳайати ҳазорнафараи табарбадастон ва ҳазорнафараи саворон ва аробаҳои ҷангӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳайати шахсии ин дастаи гурдҳо бо ороишоти тилоӣ медурахшиданд. Онҳоро канизакҳо ва дигар хидматгузорон дар ароба бо либосҳои зебои пурдабдаба мегуселониданд. Барои онҳо хӯроквориҳои махсус, ки аз дигар қисматҳои лашкари умумӣ фарқ дошт, меоварданд ва ғ.
Аз ин лашкари яккачини гурдон ҳазорнафараи аввалашон аз ҷумлаи фарзандони хонадонҳои ашрофӣ буданд, ки хидмати онон иборат аз муҳофизати шахсии худи шоҳ буд. Тайёр намудани нафарон барои сафҳои гурдон ҳанӯз аз даврони кӯдакии онон шурӯъ мешуд. Барои гурд ҳунари волои тирандозӣ аз камон (пайкон), савори моҳир будан ва ҳамчунин риояи ҳатмии таълимоти Зардушт зарур буд. Шоҳон гурдҳоро дар муҳимтарин саҳнаҳои ҷангӣ истифода мебурданд.
Баъд аз он, ки Искандар давлати Ҳахоманишиҳоро аз миён бурд, дастаҳои «гурдони ҷовидон» низ аз миён рафтанд. Сипас, дар замони Сосониён боз ба ҳамон сохтору шуморае, ки дар аҳди Ҳахоманишиҳо буданд, таъсис ёфтанд, вале ин дафъа танҳо иборат аз дастаҳои савора буданд. Дар империяи Руми византиягӣ пас аз шикасташон дар ҷанги Мантсикерт дар тақлид ба «гурдони ҷовидон» лашкари яккачини савораи «намирандагон»-и худро таъсис доданд, ки баъд аз он ин шакли лашкардорӣ дар Аврупои баъдӣ низ зери мафҳуми «гвардия» (итолиёвии он guardia) маъруф шуд, ки асли он ҳамон калимаи қадимии «гурд» (gurd)-и эронист. Акнун дар луғатномаҳои ҷаҳон онро ҳамчун калимаи итолиёӣ муаррифӣ мекунанд. Ва дар адабиёти классикии форс-тоҷик то ба имрӯз «гурд» бар маънии «паҳлавон», «зӯровар», «далер», «шуҷоъ», «нотарс» ва амсоли ин боқӣ монд.
Умуман, сохти лашкарии «гурдони ҷовидон» дар тамоми ҷаҳон таъсири амиқи худро барои ҳазорсолаҳои баъдӣ гузошт. Махсусан давлатҳои аврупоӣ ба он бештар тақлид карданд. Онҳо натанҳо ба тартибу низом ва шакли амалкарди он, балки яроқу либос низ тақлид карданд; аз ҷумла, тақлид ба хӯдҳои ҷангӣ, ки ҳатто дар садаи шонздаҳуми милодӣ низ дар Аврупо аз он васеъ истифода мебурданд, аз сипарҳо ва амсоли ин. Гурдони шоҳӣ аз либосҳои сахти пӯстӣ ва аз пораҳои пӯстӣ ва ҳам оҳанин барои китфҳо, синаҳо ва пушт зиреҳҳо доштанд, ки инҳо низ то дербоз тақлид мешуданд. Ҳамин тавр он пояҳои лашкардории дарборие, ки барои аввалин бор шоҳаншоҳони ориёӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда буданд, баъдан қариб дар тамоми давлатҳои мутамаддини дунёи қадиму ҷадид устувору абадӣ шуданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гурдони ҷовидон / Н. Амиршоҳӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.