Гуру
Гуру (санскр. गुरू — арзанда, бузург, муҳим, вазнин, дар ҳақ собитшуда, устод, собитқадам) дар ҳиндуия ва буддоия — устоди маънавие, ки дониши ӯ шогирдро бедору ҳушёр месозад; дар сикхияи панҷобӣ — унвони сардори ҷамъияти динӣ.
Дар матнҳои қадимии мансуб ба йога гуру устодест, ки дастур ё маълумот дар бораи чизе маҳз аз ӯ бояд гирифта шавад. Гуру ба маънии аслиаш «инсони муътабар», «инсони бузург», «инсони муҳим», шахсест, ки сухани ӯ аз ҳамаи усулу бунёдҳои баруманди маъмулӣ арзишмандтар аст. Ӯ диктатор (золим) нест, балки мушовир аст. Дар суннати ҳиндӣ ба устод (муаллим) эҳтироми аз ҳама баланду олиро қоиланд. гуруҳо ҳамчун устоди устодон асосгузорони мактабҳо ва суннатҳои ҳиндӣ мебошанд. Дар шароите, ки китобҳои дарсӣ ва усулҳои санҷидашудаи таълимӣ вуҷуд надоштанд, дониши устод ба шогирд ба таври инфиродӣ ва маҳрамона интиқол дода мешуд. Баъдтар раванди таълим дар хонаи устод ва дар маъбадҳо (ашрама) сурат мегирифт. Таваҷҷуҳи бештар ба мувофиқати рӯҳонии устоду шогирд дода мешуд. Мувофиқи таълимоти йога, шогирд бояд куллан ба устоди худ эътимод карда, аз кибру ғурури хеш даст кашад. Шогирди дараҷаи поин (атҳама) устодро бо душворӣ мефаҳмад. Шогирди зинаи миёна (мадҳяма) ҳамаи нишондоди устодро дарк карда, онҳоро хуб иҷро мекунад. Шогирди қобилиятноки зинаи аз ҳама баланд (уттама) кору таълимоти устодро идома медиҳад. Дарёфтани устод ё шогирди аслию мувофиқ кори бисёр бобарор маҳсуб мешуд. Калимаҳои ачаря, пандит, упадҳяя, бҳанант бо гуру муродиф шумурда мешаванд.
Тафовути гуруи аслӣ аз муаллими одӣ дар он аст, ки агар назди муаллим барои ба пурсише посух дарёфтан биёянду ҷавоби муайян бигиранд, аз назди гуру бо ҳамин суол пурсанда комилан қаноатманд ва саршори нуру дониши нав дарёфта бармегардад.
Дар Ҳиндустон, ки интиқоли дониш ба шогирд суннати қадимӣ аст, гуру ва шахсияти ӯ нақши калидиро мебозад. гуруро на танҳо эҳтиром мекунанд, балки мепарастанд. гуруи асил ҳакимеву устодест, ки донишу таҷрибаи вай арзиши аввалиндараҷа дорад; аз ӯ маслиҳат, панду насиҳат мегиранд. Инсоне, ки гуруи худро надорад, ятимест бепарастор, заифест, ки дар анбӯҳи душвориҳои зиндагӣ дармонда, раҳгум задааст. Дар вишнуия гуру аксар вақт сояи Худо ё нусхаи Худо дар замин маҳсуб меёбад, дар таълимоти шиваияи кашмирӣ гуру интиқолдиҳандаи неруи илоҳӣ (шакти пата) мебошад. гуруҳои муосир метавонанд устодони бузурги йога ва ё соҳибони донишҳои пешиниён бошанд, ки донишу неру ва шахсиятҳои гуруҳои пешинаро дар худ таҷассум кардаанд. Машҳуртарин гуруҳои муосир инҳоянд: Ҷ. Кришнамурти, Раҷниш (Ошо), Махариши Махешйоги, Саи Бобо, Бхактиведанта, Свами Прабхупада. Аҳаммияти гуру дар ҳиндуияи муосир ончунон бузург аст, ки ин динро гоҳҳо «гурия» низ мехонанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гуру // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.