Гурӣ (гурҷӣ: გორი) — шаҳр дар ҷануби Гурҷистон, маркази ноҳияи Шида Картли.

Маҳалли аҳолинишин
Гурӣ
гурҷӣ: გორი
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Vladimer Khinchegashvili[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 16,85 км²
Баландии марказ 588 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ гурҷӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон (370)
Нишонаи почта 1400[2]
gori.gov.ge
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар водии Картли, дар ҷои ба ҳам пайвастшавии д-ҳои Кура ва Лиахвии Калон воқеъ гардидааст. Шаҳрро аз ҷануб ва ғарб кӯҳҳо иҳота кардаанд. Аз Гурӣ то Тифлис 76 км, то Схинвал 33 км. Аҳолиаш 54,7 ҳазор нафар (2014), асосан гурҷиҳо, инчунин осетинҳо, арманиҳо, яҳудиён ва русҳо зиндагӣ мекунанд.

Таърих

вироиш

Гурӣ яке аз қадимтарин шаҳрҳои Гурҷистон буда, дар солномаҳо аввали асри 7 зикр шудааст. Соли 1292 аланҳо бо роҳбарии шоҳзода Багатар шаҳр — қалъаи Гуриро бо замин ва маҳаллаҳои аҳолинишини атрофаш ғасб намуданд. Соли 1306 охирин шоҳи аланҳо Багатар вафот кард. Шоҳи Гурҷистон Георгийи V соли 1326 баъди муҳосираи сесола Гуриро ишғол намуда, осетинҳоро то дарёи Дарял, дараҳои Арагв ва Ксан таъкиб кард Соли 1477 шоҳи давлати Оққуюнлу ногаҳон шаҳрро бе ҷанг ишғол намуд, вале ба зудӣ онро тарк кард. Дар миёнаи асри 16 Гуриро шоҳи Эрон Таҳмоспи I ишғол намуд. Охири асри 16 Гурӣ ба мавзеи амалиётҳои ҳарбии туркҳои усмонӣ табдил ёфт. Соли 1599 шоҳи Гурҷистон Симони I ногаҳон ба Гурӣ ҳамла карда, гарнизони (лашкари) туркҳои усмониро шикаст дод. Соли 1614 шоҳи Эрон Аббоси I Гуриро ба даст оварда, забткориҳои минбаъдаи мамлакатро аз ҳамин ҷо идома дод. Солҳои 1723-36 Гурӣ таҳти тасарруфи туркони усмонӣ буд. Соли 1736 ба Гурӣ форсҳо соҳиб шуданд. Охири асри 18 Гурӣ комилан аз истилогарон озод шуд. Аз соли 1801 шаҳр. Соли 1920 дар натиҷаи заминҷунбӣ сахт хароб гардид. Августи 2008 дар давраи авҷи муноқишаҳои мусаллаҳона дар Осетияи Ҷанубӣ Гуриро муваққатан артиши Русия ишғол намуд. Гурӣ истгоҳи р. о. дорад. Аз ҳудуди Гурӣ шоҳроҳи автомобилгарди Тбилиси — Ткибул мегузарад. Комбинати бофандагӣ, заводҳои асбобсозӣ ва шпалсозӣ, саноати хӯрокворӣ, Институти педагогӣ, омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мусиқӣ, Театри драмаи ба номи Г. Эристав, осорхонаҳои инфиродии И. В. Сталин (зодаи ҳамин шаҳр аст) ва таърихӣ-мардумшиносӣ дорад. Соли 2007 дар Гурӣ аввалин супермаркети шабакаи миллии «Populi» кушода шуд. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар маркази Гурӣ, дар доманаи кӯҳи начандон баланд харобаҳои қалъаи Гориссих (асри 7) боқӣ мондаанд.

  1. http://pop-stat.mashke.org/georgia-cities.htm
  2. Почта Грузии — 1805.

Сарчашма

вироиш