Гурӯҳ — умумияти одамоне, ки ба мақсади иҷтимоӣ дар асоси аломатҳои муайян (мансубияти синфӣ, мавҷудият ва хусусияти фаъолияти якҷо, дараҷаи инкишофи муносибатҳои байнишахсӣ, хусусиятҳои ташкилӣ ва ғ.) ташаккул меёбад.

Равоншиносии иҷтимоӣ гурӯҳро ба сифати субъекти фаъолият, ки тавассути он гурӯҳ ба системаи муносибатҳои иҷтимоӣ дохил мешавад, баррасӣ менамояд. Масъалаҳои муҳимми гурӯҳ, ки равоншиносии иҷтимоӣ меомӯзад: ҳайат, сохтор (муносибатҳои роҳбар ва тобеон, тақсими «нақшҳо» ва ғ.), равандҳои гурӯҳӣ (муносибатҳои байнишахсӣ ва инкишофи онҳо), меъёрҳо ва арзишҳои гурӯҳӣ, дараҷаи инкишофи гурӯҳӣ. Гурӯҳ шартӣ ва воқеӣ, калон ва хурд, расмӣ ва ғайрирасмӣ, дараҷаи инкишофаш баланд (коллектив) ва паст (диффузӣ), гомфотерӣ ва номиналӣ мешавад.

  • гурӯҳи калон, 1) умумияти иҷтимое, ки шумораи зиёди одамони дар вазъиятҳои муҳимми иҷтимоӣ якҷо фаъолиятдоштаро дар бар мегирад; 2) умумияти шартии одамоне, ки дар асоси баъзе аломатҳо (синфӣ, миллӣ, ҷинсӣ, синнусолӣ ва ғ.) муттаҳид мешаванд. Ба гурӯҳи калон одамоне, ки дар як давлат зиндагӣ мекунанд, миллатҳо, умумиятҳои этникӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳо, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ҳайатҳои синнусолӣ, сомеони ВАО, коллективи корхона ва муассисаҳое, ки садҳо ва ҳазорҳо коргар доранд ва ғ. дохил мешаванд. Танзимгари рафтори одамон дар гурӯҳи калон муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки тарзи ҳаёти гурӯҳро муайян мекунанд, мас., мақсад, манфиатҳо, арзишҳои ҷамъиятӣ, фарҳанг, анъана, расму ойинҳо.
  • гурӯҳи хурд — шумораи начандон зиёди одамони (3-15 нафар) бо ҳам робитадор, ки аз рӯи мақсад ва вазифаи умумиашон муттаҳид гаштаанд. Гурӯҳҳои хурд шартӣ ва воқеӣ мешаванд. Гурӯҳи хурди шартӣ дар навбати худ ба гурӯҳи синнусолӣ ва ҷинсӣ ҷудо мешавад. Гурӯҳи хурди воқеиро ба табиӣ ва лабораторӣ ҷудо мекунанд. Гурӯҳи ибтидоӣ (оила, гурӯҳи ҳамсолон, дӯстон) як навъи гурӯҳи хурд буда, рафти сотсиализатсияи ибтидоиро таъмин мекунад. Он дар асоси робитаҳои бевоситаи шахсӣ, ки тобиши баланди эҳсосӣ доранд, ташаккул меёбад. Гурӯҳи ибтидоӣ ҳамеша ғайрирасмӣ аст
  • гурӯҳи воқеӣ умумияти одамони миқдоран маҳдуд (синф, бригадаи коргарон, оила, қисми ҳарбӣ ва ғ.) мебошад, ки дар асоси муносибат ва мақсадҳои воқеии онҳо ташкил меёбад ва муддати кӯтоҳ ё дароз вуҷуд дошта метавонад.
  • гурӯҳи шартӣ умумияти одамоне мебошад, ки аз рӯи аломати муайян (хусусияти фаъолият, ҷинс, синну сол, савияи маълумот, миллат ва ғ.) муттаҳид шудаанд. Аъзои ин гурӯҳ метавонанд бо ҳама муносибат надошта бошанд ва дар бораи якдигар чизе надонанд.
  • гурӯҳи расмӣ гурӯҳи иҷтимоӣ буда, асоси ҳуқуқӣ дорад ва қисми муайяни ташкилоти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, мақсади ноил шудан ба натиҷаи муайяне (маҳсулот, хидматрасонӣ ва ғ.)-ро дорад. Вазифаи гурӯҳи расмӣ таълими боинтизомӣ, банақшагирӣ, идоракунии фаъолияти аъзои он аст.
  • гурӯҳи ғайрирасмӣ умумияти воқеии одамон буда, асоси ҳуқуқӣ надорад ва зимни шавқу ҳавас, дӯстию рафиқӣ ва таваҷҷуҳи умумӣ ба ягон чиз ташаккул меёбад.
  • гурӯҳи гомфотерӣ намуди махсуси гурӯҳ буда, бо мавҷудияти дараҷаи баланди муносибатҳои байнишахсӣ ва самаранок иҷро намудани кори фармуда тавсиф дода мешавад. Чунин гурӯҳи одамон муддати дароз бо иҷрои мақсади ҷамъиятӣ аз ҷамъият дур мемонанд (мас., кайҳоннавардон, экспедитсияи қутбшиносӣ ва ғ.)
  • гурӯҳи номиналӣ ҷамъияти одамонест, ки аз рӯи аломате ҷудо карда шудаанд ва барои мақсадҳои таҳлил мувофиқ аст. Мас., гурӯҳҳо аз рӯи синну сол, тарзи фикрронӣ, ҷои иқомат ва ғ. Гурӯҳи номиналиро гурӯҳи шартӣ ё оморӣ низ меноманд. Дар ин гурӯҳ робитаҳои ҳатмӣ ва бевосита вуҷуд надорад.

Адабиёт

вироиш