Гуфтугӯи телефонии маҳкумшуда

Гуфтугӯи телефонӣ маҳкумшуда — ба ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар давраи адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ барои гуфтугӯн телефонӣ иҷозат дода мешавад. Гуфтугӯи телефонӣ аз ҳисоби шахсии маҳкумшуда ё хешу ақрабои наздики ӯ пардохта мешавад. Ба маҳкумшудагоне, кн чораи муҷозотиро дар изоляторҳон (таваққуфгоҳҳои) ҷаримавӣ ё интизомй, биноҳои навъи камера ва камераҳои яккаса адо мекунанд, ба гуфтугӯи телефонӣ дар ҳолатҳои мустаснои шахсӣ ичозат дода мешаванд. Гуфтугӯҳои телефонии маҳкумшудагон аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ назорат карда мешавад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 131-132