Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид — корманди масъули маъмурии Созмони Милали Муттаҳид аст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Ишғоли вазифа
Антониу Гутерриш[1]
Иқомати расмӣ Headquarters of the United Nations[d]
Муҳлати салоҳият 5 сол
Пайдошавии вазифа 26 июн 1945
Сайт un.org/sg

Дабири куллро Ассамблеяи Генералии СММ бо тавсияи Шӯрои Амнияти СММ таъйин мекунад. Пеш аз қарори Шӯрои Амният одатан муҳокимаҳои ғайрирасмӣ ва як қатор овозҳои рейтингӣ гирифта мешаванд. Илова бар ин, яке аз панҷ узви доимии Шӯрои метавонад ҳангоми овоздиҳӣ қудрати веторо истифода барад. Тибқи амалияи аз ҷониби умум қабулшуда, Дабири кулли СММ аз байни намояндагони кишварҳое, ки ба истиснои аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ мебошанд, интихоб карда мешавад.

Дабири кулли СММ ба муҳлати панҷ сол ва бо интихоби эҳтимолӣ ба муҳлати нав интихоб мешавад. Гарчанде ки шумораи муҳлати панҷсола дар вазифаи дабири кулл маҳдудият надорад, аммо то ҳол касе ин вазифаро зиёда аз ду маротиба иҷро накардааст.

Қароргоҳи Дабири кулли СММ дар бинои марказии СММ -Тертл-Бей воқеъ аст[2].

МасъулиятВироиш

Дабири кулли СММ иттилоотро ба диққати Шӯрои Амният дар бораи мушкилоте, ки ба ақидаи ӯ, ба ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад, меорад. Котиби Генералӣ набояд аз ягон ҳукумат ё мақомоте дастур гирад. Вай танҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид масъул аст.

Дабири кулли СММ кормандони Котиботи СММ-ро тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ассамблеяи Генералии СММ таъйин мекунад.

Мӯҳлати ваколат ва раванди интихоботВироиш

Дабири кулл ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Баррасии номзадҳо «пушти дарҳои баста» танҳо аз ҷониби аъзои Шӯрои Амният сурат мегирад[3]. Аъзои доимии Шӯрои Амният ҳуқуқ доранд, ки ба ҳар як номзад вето гузоранд. Дар бораи мавҷудияти ба ном «Принсипи минтақавӣ» маълум аст. Қарори ниҳоӣ ба Ассамблеяи Генералии СММ тааллуқ дорад, ки дабири куллро ба тариқи аккламатсия қабул мегардад[4] :5.

Принсипи тавозуни минтақавӣВироиш

Барои роҳ надодан ба ғасби ҳокимият, Дабири кулл аз байни шахсиятҳое, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, таъйин карда мешавад[5][6]. Вазифаи Дабири куллро, тибқи таҷрибаи қабулкардаи умум, набояд намояндаи кишваре ишғол кунад, ки узви доимии Шӯрои Амният аст. Ягона ҳуҷҷате, ки принсипи минтақавиро муайян мекунад, Қатъномаи Ассамблеяи Генералии соли 1997 мебошад. Мувофиқи хронологияи воқеаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳамин принсип пурра риоя намешавад[7].

Гурӯҳҳои минтақавии СММВироиш

Гурӯҳи минтақавии СММ Дабирони кулл муҳлати иҷро
Аврупои Ғарбӣ ва дигар кишварҳо 4 4
Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ 0 0
Гурӯҳи Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб 1 2
Гурӯҳи Осиё 2 3
Гурӯҳи Африқоӣ 2 3

Дабирони кулли СММВироиш

Эзоҳ: Аз 25 апрел то 26 июни соли 1945 Конфронси Сан-Франсискоро Элҷер Ҳис раисӣ мекард, ки баъдан ба ҷосусӣ ба нафъи Иттиҳоди Шӯравӣ айбдор карда шуд.[8]

Фото Имя Страна Региональная группа ООН Годы полномочий
  Глэдвин Ҷебб[9]
(англ. Gladwyn Jebb)
(1900—1996)
  Подшоҳии Муттаҳида Аврупои Ғарбӣ 24 октябри соли 1945 —
1 феврали соли 1946
1   Трюгве Ли[10][11]
(норвегӣ: Trygve Halvdan Lie)
(1896—1968)
  Норвегия Аврупои Ғарбӣ 1 феврали соли 1946 —
10 ноябри соли 1952
2   Даг Хаммаршёлд[11][12][13]
(швед. Dag Hammarskjöld)
(1905—1961)
  Шветсия Аврупои Ғарбӣ 10 апрели соли 1953 —
18 сентябри соли 1961
3   У Тан[11][14]
(бирм. ဦးသန့်)
(1909—1974)
  Мянма Осиё 30 ноябри соли 1961 —
31 декабри соли 1971
4   Курт Валдхайм[11][15]
(олмонӣ: Kurt Waldheim)
(1918—2007)
  Австрия Аврупои Ғарбӣ 1 январи соли 1972 —
31 декабри соли 1981
5   Хавӣер Перес де Куэляр[11][16]
(исп. Javier Pérez de Cuéllar Guerra)
(1920—2020)
  Перу Амрикои Ҷанубӣ 1 январи соли 1982 —
31 декабри соли 1991
6   Бутрос Бутрос-Ғолӣ[11][17][18]
(ар. بطرس بطرس غالي‎)
(1922—2016)
  Миср Африқо 1 январи соли 1992 —
31 декабри соли 1996
7   Кофи Аннан[11][19]
(англ. Kofi Annan)
(1938—2018)
  Гана Африқо 1 январи соли 1997 —
31 декабри соли 2006
8   Пан Ги Мун[20].
(куриёӣ: 반기문)
(род. 1944)
  Кореяи Ҷанубӣ Осиё 1 январи соли 2007 —
31 декабри соли 2016
9   Антониу Гутерриш[21]
(португалӣ: António Manuel de Oliveira Guterres)
(род. 1949)
  Португалия Аврупои Ғарбӣ 1 январи соли 2017 —
амалкунанда

Инчунин нигаредВироиш

  • Ислоҳоти СММ

ЭзоҳВироиш

  1. António Guterres appointed next UN Secretary-General by acclamation (ингл.)United Nations, 2016.
  2. Teltsch, Kathleen. «Town House Offered to UN», The New York Times, 15 July 1972. Retrieved 27 December 2007.
  3. Kofi Annan: Job at a Glance. PBS. Educational Broadcasting Corporation (2002). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2016.
  4. Appointing the UN Secretary-General. — New York: Security Council Report, Inc., 2015. — Т. 2015, no. 2. — С. 4—5. — (Research Report). Архивированная копия(пайванди дастнорас — таърих). 21 ноябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 апрели 2016.
  5. Secrecy Reigns as U.N. Seeks a New Secretary General, The New York Times (21 июли 2016).
  6. A Well-Read Secretary General, The New York Times (13 Декабри 1981). «With a figurative puff of white smoke, the United Nations Security Council finally selected a new Secretary General – a seasoned and soft-spoken diplomat from Peru, Javier Perez de Cuellar.».
  7. Letter from Mogens Lykketoft to All Permanent Representatives and Permanent Observers to the United Nations, 21 July 2016 (21 июли 2016).
  8. И вновь слышна большая ложь о Ялте. ИноСМИ.ру (11 май 2005). 13 августи 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 августи 2011.
  9. David Stout. Lord Gladwyn Is Dead at 96; Briton Helped Found the U.N. («Лорд Глэдвин скончался в возрасте 96 лет; англичанин, который помог основать ООН»). The New York Times (26 октябри 1996). 18 марти 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 августи 2011.
  10. ООН: Трюгве Хальвдан Ли (Норвегия)
  11. 11.0 11.1 11.2 11.3 11.4 11.5 11.6 Краткий исторический обзор о выборах Генеральных секретарей ООН(пайванди дастнорас — таърих). UNA-USA. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 октябри 2007.
  12. ООН: Даг Хаммаршёльд (Швеция)
  13. Линнер С. (2007). Даг Хаммаршёльд и кризис в Конго, 1960-61 Бойгонӣ шудааст 5 апрели 2012  сол.. Страница 28. Университет Уппсала. (2008-07-22).
  14. ООН: У Тан (Мьянма)
  15. ООН: Курт Вальдхайм (Австрия)
  16. ООН: Хавьер Перес де Куэльяр (Перу)
  17. ООН: Бутрос Бутрос-Гали (Египет)
  18. Сообщение о захвате Сребреницы — 15 ноября 1999 года.
  19. ООН: Биография Кофи А. Аннана
  20. Пан Ги Мун принял присягу, как следующий Генеральный секретарь ООН
  21. В ООН выбрали нового генерального секретаря, РБК. Проверено 13 октябри 2016.

ПайвандҳоВироиш